Дидори дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо раиси Ҷумҳурии Узбекистон
(last modified Thu, 10 Mar 2022 12:46:49 GMT )
Март 10, 2022 17:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо раиси Ҷумҳурии Узбекистон
    Дидори дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо раиси Ҷумҳурии Узбекистон

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Узбекистон бар омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои тавсеаву таъмиқи ҳамаҷонибаи равобит бо он кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонлии Шамхонӣ дар дидор бо Шавкат Мирзиёев-раиси Ҷумҳурии Узбекистон бо иблоғи паёми раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва табрики сиюмин солгарди истиқлоли кишвари дӯсти Узбекистон, омодагии Эронро барои тавсеаву таъмиқи ҳамаҷонибаи равобит эълом кард.

Шамхонӣ бо ишора ба ҳаҷми мубодилоти тиҷории байни Эрону Узбекистон, андешидани чораҳои лозим барои фаъолсозӣ зарфиятҳои воқеъии иқтисодӣ ва эҷоди сабукиҳои лозим дар ин заминаро зарурӣ хонд.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрони ибрози умедворӣ кард имзои санади муҳими ҳамкориҳои амниятии байни ду кишвар заминаи муваффақияти бештар барои ғалаба бар таҳдидоти муштаракро фароҳам кунад.
Шамхонӣ ҳамчунин аз ҳимояти Узбекистон барои узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхаӣ қадрдонӣ ва ибрози умедворӣ кард, ки ин пуштибонӣ то қатъӣ шудани узвияти Ҷумҳурии исломии Эрон идома ёбад.

Шавкат Мирзиёев низ бо иблоғи саломи гарми худ ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Шитоб дар фаъолсозии меҳварҳои ҳамкории муштарак бисёр дорои аҳамият аст. Раиси Ҷумҳурии Узбекистон бо ибрози хурсандӣ дар бораи имзои санади ҳамкориҳои амниятӣ байни Узбекистон ва Эрон гуфт: Ҳамкории Тошканд- Теҳрон барои эҷоди долонҳои ҳамлу нақли рейлӣ ва ҷодаӣ аз тариқи Туркманистону Афғонистон то обҳои халиҷи Форс дар ҷануби Эрон дорои манофеи иқтисодии қобили мулоҳиза барои чаҳор кишвар аст.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба даъвати расмии Виктор Маҳмудов-мушовири амнияти миллии раиси Ҷумҳурии Узбекистон  ба Тошканд сафар кардааст. Афзоиши сатҳи муносиботи дуҷониба ва табодули назар дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумлаи аҳдофи сафари дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Узбекистон эълом шудааст.