Хатибзода: Вақфаи эъломшуда дар музокироти Вена заминасози ҳалли мавзуоти боқимонда аст
(last modified Fri, 11 Mar 2022 12:30:32 GMT )
Март 11, 2022 17:30 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Вақфаи эъломшуда дар музокироти Вена заминасози ҳалли мавзуоти боқимонда аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон вақфаи эъломшуда дар музокироти Венаро заминасози ҳалли мавзуоти боқимонда ва бозгашти ниҳоӣ донист.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба вақфаи эъломшуда дар музокироти Вена дар Твиттер навишт: Вақфаи эъломшуда дар музокироти Вена метавонад заминасози ҳалли мавзуоти боқимонда ва бозгашти ниҳоӣ бошад.

Хатибзода гуфт: Дастёбӣ ба муваффақият дар гуфтугӯҳо тамаркузи аслии ҳамаи тарафҳо хоҳад буд ва ҳеҷ омили хориҷӣ бар иродаи муштарак барои ҳаракат ба самти як тавофуқи ҷамъӣ асар намегузорад.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи ҷумъа дар твитте аз зарурати вақфа дар музокироти Вена ба далели он чӣ авомили хориҷӣ хонд, хабар дод ва эълом кард, ба далели авомили хориҷӣ ба вақфа дар гуфтугӯҳои Вена ниёз аст.

Боррел бо баёни ин ки матни ниҳоии тавофуқ омода ва рӯйи миз аст, гуфт, ба иртибот бо ҳамаи аъзои БарҶом ва Амрико барои ғалаба бар вазъияти феълӣ ва ниҳоӣ кардани тавофуқ идома хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, бо баёни ин ки бархе мабоҳис, ки муртабит бо қаҳрамонони миллӣ аст, қобили музокира нест, гуфт: Тарҳи бархе дархостҳои ҷадид аз сӯи Амрико ҳеч гуна тавҷеҳи мантиқӣ надорад.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин дар твитте дар бораи талошҳо барои расидан ба як тавофуқи хуб ва пойдор навишт: Тавофуқ дар дастрас аст, агар тарафи амрикоӣ воқеъбинона ва ҳамроҳ бо тадовуму босубот рафтор кунад.