Март 12, 2022 14:20 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Озарбойҷон ба раиси Ҷумҳури Исломии Эрон

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дар паёме хитоб ба  Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишварро табрик гуфт.

Дар ин паём омадааст: “Ин рӯзи муҳим байни Ҷумҳурии Озарбойҷону Ҷумҳурии Исломии Эрон, 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатиро самимона ба ҷаноби олӣ табрик арз менамом ва беҳтарин орзӯҳои худро ба миллати дӯсту бародари Эрон эълом медорам”.

Иродаи миллатҳои мо ки бо решаҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ ба ҳам пайвастаанд, пояи аслии равобити Озарбойҷон ва Эрон аст, ки бар асоси эҳтироми мутақобилу ҳусни ҳамҷаворӣ баино шудааст.

Сатҳи болои равобити дӯстонаи имрӯзи мо натиҷаи фаъолиятҳои муштараки кишварҳои мо дар 30 соли гузаштааст. Тайи ин солҳо, сафарҳои мутақобили мутааддид, асноди имзо шуда, тавофуқоти ҳосил шуда ва пружаҳои муштарак нақши муҳимме дар тавсеаи ҳамкориҳои пӯёии мо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл, энержӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳавзаҳо доштааст.

Алиев дар ин паём изофа кардааст:

“Ман аз гуфтугӯҳои сиёсии муназзам байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Эрон ва ҳамкории мо дар теъдоде аз заминаҳо қадрдонӣ мекунам. Муътақидам, ки имрӯз чашмандозҳои зиёде барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои мутақобил ва сӯдманди мо вуҷӯд дорад.

Бидун шак, эҳёи марзҳои давлатии Озарбойҷону Эрон дар натиҷаи озодсозии сарзаминҳои таърихӣ ва бостонии мо аз ишғол, шароити мусоидеро барои истифодаи комил аз зарфиятҳои мавҷӯд дар заминаҳои мухталифу мушорикати муштарак дар иҷрои долонҳои ҳамлу нақл ва иртиботӣ эҷод кардааст".

Вай дар ин паём дар бораи бар аҳаммияти ёддошти тафоҳум байни давлати Ҷумҳурии Озарбойҷону давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси эҷоди иртибототи ҷадид байни минтақаи иқтисодии Zangezur (Зангезур)- и шарқии Ҷумҳурии Озарбойҷону Ҷумҳурии худмухтори Нахҷавон таъкид кард.

Алиев зимни ёдоварии анҷоми кори бозсозии густардае дар манотиқи озод шудаи кишвараш, изҳори умедаворӣ кард дар ояндаи наздик шоҳиди мушорикати ширкатҳои даври кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷону Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад.

Вай дар паёми табрики худ ба Саидиброҳим Раисӣ овардааст, равобити Озарбойҷону Эрон, ки дар хизмати манофеи мардуми мо ва манофеи кишварҳои мо аст, бо талошҳои муштараки мо бо муваффақият ба тавсеа ва тақвият идома хоҳад дод.

 

Барчасп