Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти оятуллоҳ Алавии Гургонӣ
(last modified Wed, 16 Mar 2022 06:09:18 GMT )
Март 16, 2022 11:09 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи даргузашти оятуллоҳ Алавии Гургонӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме реҳлати оятуллоҳ Алавии Гургониро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар паёме реҳлати олими раббонӣ – оятуллоҳ оқои Ҳоҷи Сайид Муҳаммадалӣ Алавии Гургониро ба ҳавзаи илмияи Қум ва ба ҳамаи шогирдону иродатмандон ва муқаллидони эшон, ба хусус ба мардуми муъмини Гулистон, ки иродати вижа ба ин бузургвор ва волиди муҳтарамашон марҳум оятуллоҳ оқои Ҳоҷи Сайид Саҷҷоди Алавӣ доштанд ва ба хусус ба хонадони гиромӣ ва фарзандони мукаррамашон таслият гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём тасреҳ карданд, ин марҷаи муаззам дар қазоёи гуногуни инқилоб ва масоили кишвар ҳамвора вафодорона дар канори мардум ва пуштибони низоми муқаддас буданд ва хадамоти арзишманде кардаанд, ки муҷиби файзу раҳмати илоҳӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин дар ин паём аз Худованди мутаол улувви дараҷотро барои оятуллоҳ Алавии Гургонӣ масъалат карданд.

Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Алавии Гургонӣ аз мароҷеи олиқадри тақлид сешанбе дар сини 82 солагӣ даъвати ҳақро лаббайк гуфт.