Амирабдуллоҳиён: Дар сурати воқеъбинии тарафи амрикоӣ тавофуқе хубро ниҳоӣ мекунем
Вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои чинии худ гуфт, дар сурати воқеъбинии тарафи амрикоӣ, тавофуқе хуб, қавӣ ва пойдорро бо ҳимояти ҳамаи тарафҳои музокиракунанда дар Вена ниҳоӣ хоҳем кард.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар тамоси телефонӣ бо Ванг Йи, узви Шурои давлатӣ ва вазири умури хориҷаи Чин бо мурури охирин вазъияти гуфтугӯҳо дар Вена, рӯйкарди Чинро созанда тавсиф кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба аҳамияти равобити Эрон ва Чин, бар тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити дуҷониба таъкид кард ва онро аз меҳварҳои аслӣ ва авлавиятдори сиёсати хориҷии давлати Эрон баршумурд.
Амирабдуллоҳиён ба дидору нишасти худ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав низ ишора кард ва афзуд, дар ин нишаст мавзуоти мухталифе баҳсу табодули назар шуд ва Маскав таъкид кард, бо ифои нақши созанда аз лағви таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят мекунад.
Амирабдуллоҳиён бо тавваҷуҳ ба баргузории сеюмин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин ва дар посух ба даъвати ҳамтои чинӣ барои ширкат ва ҳузур дар ин иҷлос эъломи омодагӣ кард.
Вазири умури хориҷаи Чин низ дар ин гуфтугӯ бо ишора ба раванди рӯ ба пешрафту тавсеаи муносиботи муштараки ду кишвар изҳор дошт, Пекин тавсеаи муносиботи муштарак бо Ҷумҳурии исломии Эронро бисёр муҳим дониста ва сақфе барои густариши равобит надорад.
Ванг Йи бо эъломи ҳимояти ҳамаҷонибаи Чин аз раванди музокироти Вена таъкид кард, Пекин аз ниҳоӣ шудани музокироти Вена барои лағви таҳримҳо ҳимоят мекунад.
Вазири умури хориҷаи Чин дар хусуси баргузории сеюмин иҷлоси вузарои умури хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар Чин ва эъломи омодагии вазири умури хориҷаи Эрон ҷиҳати ҳузур дар ин иҷлос, аз пазириши даъват ва ширкати ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин нишаст ташаккур ва қадрдонӣ кард.