Таъкиди Раисӣ бар фаъол шудани каридори транзитии Шимол - Ҷануб
(last modified 2022-03-16T08:22:51+00:00 )
Март 16, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар фаъол шудани каридори транзитии Шимол - Ҷануб

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба аҳамияти каридори Шимол – Ҷануб таъкид кард: Умедворем дар давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ дар Туркманистон шоҳиди ҳамкорӣ ва фаъол шудани беш аз пеши зарфиятҳои иқтисодии ду кишвар бошем.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар посух ба тамоси телефонии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шурои миллии Туркманистон бо вай зимни табрики баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин табрики айёми Наврӯз бар тавсеаи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вижа Туркманистон таъкид кард.

Раисӣ бо ишора бар густариши равобити Теҳрон - Ишқобод дар давраи раёсати ҷумҳурии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов изҳор дошт: Ҳамеша иродаи Ҷумҳурии исломии Эрон бар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои энержӣ, сиёсӣ ва амниятӣ буда, ки нақшофаринии шумо дар расидан ба ин аҳдоф қобили ситоиш аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба сафари худ ба Туркманистон ва дидор бо раиси ҷумҳурии ин кишвар гуфт, ҳамеша метавонед бар дӯстии баландмуддату самимона бо Ҷумҳурии исломии Эрон такя кунед.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шурои миллии Туркманистон низ дар ин тамоси телефонӣ аз иқдомоти раиси ҷумҳурии Эрон барои тавсеаи равобити дуҷониба миёни ду кишвар ташаккур кард.

Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии ҷадиди Туркманистон низ дар нахустин тамоси телефонӣ бо Сайид Иброҳими Раисӣ, пас аз мушаххас шудани натоиҷи интихоботи ин кишвар, зимни ташаккур аз паёми табрики раиси ҷумҳурии Эрон, бо таъкид бар лузуми густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар гуфт: Омодагии комил барои тавсеаи равобит миёни Теҳрон – Ишқобод дар ҳамаи заминаҳои дуҷониба, чандҷониба ва минтақаиву байналмилалиро эълом мекунам.

Сардор Бердимуҳаммадови 40 сола пеш аз ин аз сӯи падараш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии мустаъфии Туркманистон ба муовинати нахуствазир ва ҷойгоҳи дуюмин мақоми расмии ин кишвар расида буд.

 

Барчасп