Бузургдошти ҳаким Низомӣ дар Эрон
Бузургдошти ҳаким Низомӣ бо нишасти вижаи фарҳангиёни Эрон ва намояндагиҳои фарҳангии сафоратхонаҳои хориҷии муқими Теҳрон, дар Фарҳангистони ҳунар баргузор шуд.
Ба гузориши равобити умумии Фарҳангистони ҳунар, нишасти вижаи намояндагиҳои фарҳангӣ дар бузургдошти ҳаким Низомӣ бо ҳузури масъулону мақомоти фарҳангӣ - ҳунарии Эрон, ройзанони фарҳангии сафоратхонаҳои хориҷии муқими Теҳрон, ҳунармандон ва асҳоби расона баргузор шуд.
Баҳмани Номвармутлақ, раиси Фарҳангистони ҳунар, ҳувияти ҳар эрониро мафохиру бузургони он, чун Саъдӣ ва Ҳофизу Фирдавсӣ донисту баргузории бузургдошти ҳаким Низомиро коре беназир шумурд ва аз Вазорати фарҳангу иршод, ҳунармандон, пажӯҳишгарон ва созмонҳову ниҳодҳое, ки ба ин манзур ҳамкорӣ доштанд, қадрдонӣ кард.
Ӯ гуфт: Вақте Низомиро ҳаким меномем, яъне бо фарде мувоҷеҳем, ки бо улуми мухталиф ошноӣ дорад. Ҳаким номи Худост, пас ҳаким таҷаллии Худованд аст. Худованд сифоте гуногун дорад. Дар тақсимбандиҳо Парвардгорро дорои сифоти ҷалолӣ ва ҷамолӣ медонем. Аз тарафе ҳакимро касе мешиносем, ки тамоми улуми замони худро медонад.
Баҳмани Номвармутлақ сипас ба иқтибос пардохту бузургони адабиёт чун Ҷомӣ ва Ваҳшии Бофиқӣ ва Киё Рустамиро, ки аз Низомӣ иқтибос кардаанд, нишонаи умқу ҳикмати беш аз ҳади Низомӣ донист ва бархе аз осореро, ки ҳатто хориҷ аз Эрон аз осори эронӣ илҳом гирифтаанд, баршумурд.
Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ бо баёни ин ки Низомӣ яке аз камтарин шоироне аст, ки ба сифати ҳаким мулаққаб буд, гуфт: Дар фарҳанги мо ҳаким ба касе гуфта мешуд, ки ҷомеъият дошт. Дар миёни шоирони мо ин ифтихор ба ҳар шоире дода нашуда ва аз маъдуд шоироне чун Фирдавсӣ ва Саноиву Низомӣ бо унвони ҳаким ном бурда мешавад.
Ӯ ватандӯстиро яке аз омӯзаҳои Низомӣ матраҳ кард ва гуфт, Низомӣ дар замоне ба эрондӯстӣ ифтихор карда, ки меҳанпарастӣ ба маънои ғарбии он, ки дар қарни 19 матраҳ шуд, вуҷуд надошта ва чунончӣ ин ашъори ҳакимона аз насле ба насли дигар мунтақил шавад, дигар ҳар касе ба осонӣ ватанашро раҳо намекунад.
Аз дигар суханронони ин барнома Маъруфҷон Абдураҳмонов, ройзани фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон буд, ки дар ин маросим ба суханронӣ пардохт ва гуфт: Фасли баҳор - фасли ишқу муҳаббат аст ва ин фасли зебо бо бузургдошти ҳаким Низомӣ ҳамроҳ шудааст. Тамоми ашъору осори ҳаким Низомӣ саршор аз ишқу муҳаббат аст. Ҳаким Низомӣ шоири бузурги ҷаҳонӣ аст, ки дар забону замону макони муайян маҳдуд нест.
Мухотабон метавонанд суҳбати Маъруфҷон Абдураҳмон, ройзани фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, бо радиои "Фарҳанг"-и Эронро дар зери акс бишнаванд.
Ройзани фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Мутолеаи осори ҳакимонаи ӯ ҳар бор ба андешмандону шунавандагон лиззате хос мебахшад, ки дар тӯли давраҳову адабиёти мардумони Шарқ идома дошта ва дар ин хусус осори бисёре навишта шудааст. Суннатҳои мактаби эҷодии Низомӣ дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистону ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳои ҳамсоя имрӯз ҳам барқарор аст ва шунидани садои Низомӣ аз адабиёти аврупоӣ низ мумкин аст.
Ӯ дар идома гуфт: Низомӣ ҳамчун шоири ҳамзабону миллӣ дар Тоҷикистон маврид эҳтиром аст. Ҳаёту осори ин шоири номдор дар тамоми мактабҳо, донишкадаҳову донишгоҳҳои Тоҷикистон тадрис мешавад ва донишмандони тоҷик дар таҳияву таълифи осори илмӣ ва пажӯҳишӣ роҷеъ ба ин шоири бузург бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ доранд. Бисёре аз осори Низомӣ дар мусиқиҳои мардумӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад.
Маҳмуди Шолӯӣ, дастёри вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон низ дар ин нишаст гуфт: Вақте мавзуи бузургдошти ҳаким Низомӣ матраҳ шуд, ҳамаи дастгоҳҳое, ки ба навъе метавонистанд дар ин ҳамосаи бузурги ҳунариву фарҳангӣ аз барои ҳифзи яке аз ифтихороти муҳими Эрон саҳим бошанд, бедареғ ҳузур ёфтанд ва ҳамкориву ҳамроҳӣ карданд.
Ӯ афзуд: Ҳеҷ накӯдошту бузургдоште баъд аз инқилоби исломӣ ба вусъату бузургии накӯдоште, ки дар ҳоли ҳозир барои ҳаким Низомӣ шакл гирифта, собиқа надоштааст. Имрӯз ҳеҷ шаҳре аз шаҳрҳои Эрон нест, магар ин ки тайи ин чанд рӯз ойини бузургдошти ҳаким Низомӣ дар он баргузор шуда ё дар ҳоли баргузорӣ аст ё баргузор хоҳад шуд.
Шолӯӣ дар интиҳо бо ибрози умедворӣ аз ин ки барои боқии мафохири фарҳангии кишварамон низ битавонем чунин ҷараёнсозӣ кунем, гуфт: Имрӯз ҷомеаи мо ба ҳифзи мафохири фарҳангии худ ниёз дорад ва агар шиносномаҳоеро, ки аз ин мафохири фарҳангӣ дар даст дорем, дуруст нигаҳ надорем, дигар ин шиносномаҳо аз они мо нахоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки маросими бузургдошти ҳаким Низомӣ бо иҷрои Муҳаммадмаҳдии Муҳаммадиён, гӯяндаи радио ва суханронии Баҳмани Номвармутлақ, раиси Фарҳангистони ҳунар, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Маҳмуди Шолӯӣ, раиси Ситоди бузургдошти ҳаким Низомӣ, Шоҳини Фарҳат, узви пайвастаи Фарҳангистони ҳунар, Абдулмаҷид Шарифзода, узви гуруҳи тахассусии ҳунарҳои суннатӣ ва саноеи дастии Фарҳангистони ҳунар, Алиризо Исмоилӣ, дабири Фарҳангистони ҳунар ва Маъруфҷон Абдураҳмонов, муовини фарҳангии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, ба намояндагӣ аз ройзанони фарҳангии сафоратхонаҳои хориҷии муқими Теҳрон, дар толори “Эрон”-и Фарҳангистони ҳунар баргузор шуд.