Рахшандае дар осмони шеъру адаби Эрон
Рахшандаи Эътисомӣ, маъруф ба Парвини Эътисомӣ, машҳуртарин шоири зани Эрон аст.
Парвини Эътисомӣ дар 25 исфанди 1285 (17 марти 1907) дар Табрез чашм ба ҷаҳон кушод. Вай аз ҳамон даврони кӯдакӣ истеъдодҳои зиёде дошт ва се забони форсӣ, англисӣ ва арабиро назди падараш омухт ва дар ҳузури устодоне монанди Алиакбари Деҳхудо ва Маликушшуаро Баҳор омӯзиш дид.
Парвини Эътисомӣ дар бистуҳаштсолагӣ издивоҷ кард, аммо ба далели ихтилофи фикрӣ бо ҳамсараш, пас аз чанде аз ӯ ҷудо шуд.
Парвини Эътисомӣ дар 35 солагӣ бар асари беморие дар Теҳрон даргузашт ва дар ҷавори оромгоҳи Фотимаи Маъсума (с) дар Қум ором гирифт.
25 исфанд зодрӯзи ин шоири бузург аст, ки ба номи ӯ Рӯзи бузургдошти Парвини Эътисомӣ номида шудааст.
Бештар бихонед: