Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон иқдоми Маҷлиси намояндагони Амрикоро маҳкум кард
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ, иқдоми мутақобили давлати Эронро дар баробари иқдомоти зидди эронии Маҷлиси намояндагони Амрико хостор шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар нишасти алании рӯзи сешанбе, дар баёнияе тамдиди 10 солаи қонуни таҳрими Эронро дар Маҷлиси намояндагони Амрико маҳкум карданд ва аз давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон хостанд, бар асоси қонуни мусавваби Маҷлиси Эрон дар бораи БАРҶОМ, иқдоми мутақобил анҷом диҳад.
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ин баёния бар муҳофизат аз дастовардҳои Инқилоби Исломӣ дар санъати сулҳомези ҳастаӣ таъкид карданд.
Дар ҳамин чорчӯб, Камол Деҳқонии Фирӯзободӣ, ноибраиси Камиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, бо ишора ба бадаҳдии Амрико ва тамдиди таҳрими Эрон дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар, аз тақдими тарҳи ду фавриятии намояндагон ба ҳайати раисаи Маҷлис бо ҳадафи иқдоми мутақобил дар баробари Амрико хабар дод.
Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар, қонуни таҳрими Эронро барои 10 соли дигар тамдид кард ва ҳамчунин қонуни дигаре барои ҷилавгирӣ аз фурӯши ҳавопаймо ба Эрон ба тасвиб расонд.