Амир Абдулоҳиён: Ибтикореро ба Амрико ироа кардаем
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ба марҳалаи ниҳоии тавофуқ наздик ҳастем ва дар андак мавзуъоти бисёр муҳими боқимонда, ибтикореро аз тариқи ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо ба Амрико ироа кардаем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ҳусейн Амир Абдулоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Фавод Ҳусейн, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Ироқ бо табрики иди Наврӯз дар бораи мавзуъоти мавриди алоқаи ду кишвар ба гуфтугӯ ва табодули назар пардохт.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯи телефонӣ, зимни мурур бар ҳавзаҳои мухталифи равобити фимобайн хусусан дар арсаи дуҷониба ба ташриҳи дидгоҳи Эрон дар заминаи таъхир дар баргузории марҳалаи ҷадиди гуфтугӯ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони Саъудӣ пардохт.
Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ ҳамчунин охирин таҳавулоти муртабит бо гуфтугӯҳои Вена ва ҳамчунин таҳавулоти Украинаро мавриди табодули назар қарор доданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи музокироти Вена барои лағви таҳримҳо таъкид кард: Мо бар марҳалаи ниҳоии тавофуқ наздик ҳастем дар андак мавзуъоти бисёр муҳими боқимонда ибтикореро аз тариқи ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо ба Амрико ироа кардаем.
Акнун ин тарафи амрикоӣ аст, ки бояд ҳусни нияти иддаъоии худро дар амал нишон диҳад. Мо дар расидан ба тавофуқи хуб, қави ва пойдор мусамам ҳастем, доктор Боқирӣ бо Муро дар тамоси мустақим ва мустамар мебошад.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба баргузории нишасти Созмони ҳамкории исломӣ, хостори тамаркузи Созмони ҳамкории исломӣ бар мавзуъоте шуд, ки ба ҳамбастагӣ ва тақвияти фазои ҳамдилии уммати исломӣ кумак кунад.