Ирсоли 11 тонна оби сангини тавлиди Эрон ба Уммон
Раиси Созмони энержии атомии Эрон аз ирсоли 11 тонна оби сангин ба Уммон хабар дод.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алӣ Акбари Солеҳӣ рӯзи сешанбе дар ҳошияи маросими гиромидошти рӯзи ҷаҳонии муқобила бо осори ҷанг дар муҳити зист, дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон гуфт, 11 тонна оби сангин ба Уммон фиристода шуда ва тарафи муқобил низ барои идомаи харид, эъломи омодагӣ кардааст.
Солеҳӣ ҳамчунин афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон тибқи тааҳҳудоте, ки дар БАРҶОМ дорад, амал карда ва интизор ин аст, ки тарафи муқобил ҳам ба тааҳҳудоти худ амал кунад.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ба хубӣ пеш рафта ва танҳо дар баҳси лағви таҳримҳо бо кундиҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки Вазорати умури хориҷаи Эрон ин масъаларо бо ҷиддият пайгирӣ мекунад.
Солеҳӣ дар бораи таъсири натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бар БАРҶОМ низ гуфт: Вақте раисҷумҳури ҷадиди Амрико амалан уҳдадори симмат худ шавад, дар чорчуби воқеиятҳо амал хоҳад кард, зеро БАРҶОМ барномаи миёни ду кишвар нест.