Март 30, 2022 12:32 Asia/Dushanbe
  • Эъломи фриконси барномаҳои саҳаргоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон
    Эъломи фриконси барномаҳои саҳаргоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон

Алоқамандон ба шунидани барномаҳои саҳаргоҳии вижаи моҳи мубораки Рамазон аз радиои тоҷикии Садои Хуросон метавонед аз рӯзи 2 апрели соли 2022 ин барномаҳоро рӯи фриконси ҷадид дарёфт кунед.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бахши саҳаргоҳии радиои тоҷики аз соати 02:30 то 04:00 бомдод ба вақти Тоҷикистон рӯи фриконси мавҷи миёнаи 720 килогертс ва мавҷи кӯтоҳи 5990 килогертс қобили дарёфт аст.

Бо ин ҳол шунавандагони радиои тоҷикии Садои Хуросон метавонанд бахши субҳгоҳӣ ва шомгоҳии ин радиоро ҳамчунон ба риволи собиқ рӯи фриконсҳои қаблӣ бишунаванд.

 

Барчасп