Апрел 02, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими бузургдошти Наврӯз бо ҳузури сафири Эрон дар Женева
    Баргузории маросими бузургдошти Наврӯз бо ҳузури сафири Эрон дар Женева

Маросими бузургдошти Наврӯз ва баҳори эронӣ дар толори ҳамоишҳои Сомзони ҷаҳонии моликияти маънавӣ (Войпу) дар шаҳри Женеваи Шветсария бо ҳузури сафири Эрон баргузор шуд.

Иди Наврӯз ҷашни бостонӣ бо решаи эронӣ аст  бо оғози соли нави хуршеди дар бисёри аз кишварҳо баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин маросим, ки ба ибтикори намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дафтари Созмони Миллали Муттаҳид ва бо мушорикат ва ҳамроҳии 11 кишвари дигари ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд, мудирони аршади созмонҳои байналмилллалии мустақар дар Женева, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои мухталиф ва низ ҳамватанони эронии муқими Шветсария ширкат доштанд.

Дар ин маросим бахше аз суннатҳо ва ойинҳои наврӯзии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар қолаби чанд видеоклип ба намоиш даромад ва суханронон дар мавриди аҳамияти Наврӯз ва паёми сулҳу умеди он сухан гуфтанд.

Исмоили Бақоии Ҳомона, сафир ва намояндаи доими Эрон назди дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева бо табйини аҳамияти Наврӯз ба унвони мероси ҷаҳонӣ, шиносоии рӯзи 21 март ба унвони рӯзи байналмиллалии Наврӯз тавассути маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳидро нишонаи арзиш ва ҷойгоҳи Наврӯз барои иртиқои фарҳанги сулҳ ва дустии байни миллатҳо баршуморид.

 

Барчасп