Видои ҷонсӯзи зоирони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо пайкари шаҳид ҳуҷҷатулислом Дороӣ  + видео
(last modified Fri, 08 Apr 2022 11:38:03 GMT )
Апрел 08, 2022 16:38 Asia/Dushanbe

Ойини видоъ бо ҳуҷҷатулислом Муҳаммадсодиқи Дороӣ, дуюмин шаҳиди ҳодисаи террористии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар боргоҳи малакутии имом Ризо (а) баргузор шуд.

Асри сешанбеи гузашта фарде такфирӣ дар саҳни Паёмбари Аъзами ҳарами имом Ризо алайҳиссалом дар Машҳад, бо ханҷар ба се зоири рӯҳонӣ ҳамла кард.

Бар асари ин ҳамла ду рӯҳонӣ ба шаҳодат расиданд ва як нафар низ захмӣ шуд.

Фарди ҳамлакунанда низ ба кумаки кормандони интизомӣ ва ягони ҳифозат боздошт шуда ва дар ихтиёри авомили иттилоотиву амниятии Эрон қарор гирифтааст.

Маросими видоъ бо ҳуҷҷатулислом Муҳаммадсодиқи Дороӣ, дуюмин шаҳиди ҳодисаи террористии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дишаб (панҷшанбе) дар равоқи имом Хумайнӣ (раҳ), боргоҳи нуронии Алӣ бин Мусо Ар-Ризо (а), бо ҳузури пуршӯри зоирону муҷовирон баргузор шуд. Дар ин маросими иродатмандони аҳли байт (а) дуои пурфайзи “Кумайл” бо маддоҳӣ баргузор шуд ва ҳозирон барои ин шаҳиди воломақом улувви дараҷот аз даргоҳи илоҳӣ талаб карданд.

Маросими ташйиъи пайкари поки ин рӯҳонии ҷиҳодгар имрӯз (ҷумъа) аз маҳалли Маҳдияи Машҳад ба самти ҳарами Разавӣ баргузор мешавад ва пас аз иқомаи намози душманшикани ҷумъа дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, дар канори пайкари шаҳид Муҳаммади Аслонӣ ба хок супурда хоҳад шуд.

Ҳамчунин маросими бузургдошти шаҳидон ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммад аслонӣу Муҳаммадсодиқи Дороӣ соати 21 имшаб (ҷумъа), аз тарафи намояндаи валии фақеҳ дар Хуросони Разавӣ ва сарпарасти остони Қудси Разавӣ дар айвони масҷиди ҷомеи Гавҳаршоди ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад.