Эрон ба яке аз содиркунандагони хадамоти фазоии минтақа табдил мешавад
Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон гуфт, Эрон ба яке аз содиркунандагони хадамоти фазоии минтақа ва кишварҳои исломӣ табдил хоҳад шуд.
Исо Зореъпур бо баёни иҷроӣ шудани 70 дарсади шабакаи миллии иттилоот дар соли ҷорӣ, дар бораи моҳвораҳои дар дасти партоб, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба зудӣ ба яке аз содиркунандагони хадамоти фазоии минтақа ва кишварҳои исломӣ, табдил ва ҷузви 10 кишваре хоҳад шуд, ки ҳам тавони сохти моҳвораи бумӣ ва ҳам партоби он бо партобгари бумиро дорад. Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон дар бораи барномаҳои вазорати иртибототу фанноварии иттилоот дар ҳавзаи иқтисоди диҷитал, низ гуфт, талош мешавад дар соли ҷорӣ як воҳиди дарсад ба саҳми иқтисоди диҷитал аз кулли тавлиди нохолиси миллӣ афзӯда шавад ва коргурӯҳи вижаи иқтисоди диҷитал дар давлат меҳварияти таҳаққуқи ин муҳимро бар ӯҳда дорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду соли гузашта бо тамаркуз рӯи моҳворабарҳо гоме муҳим дар партоби моҳвораҳо бардоштааст ва партоби моҳворабарҳоро ҳамгом бо сохти моҳвора тавсеа додааст; акнӯн мутахассисони эронӣ ба чархаи комили фанноварии фазоӣ, яъне дониши пойгоҳи партоб, партобгар, моҳвора, истгоҳи дарёфту кантроли моҳвора ва истгоҳи додаҳои моҳвораӣ даст ёфтаанд.