Апрел 13, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Эронҳаросӣ дар Афғонистон; Афғонистонҳаросӣ дар Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба пайвандҳои амиқи таърихӣ ва чандқабатии ду миллати Эрону Афғонистон, дар бораи тарҳҳои тавтеагарону бадхоҳони равобити ду кишвар ҳушдор дод.

Саъиди Хатибзода, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе ҳамчунин бо ёдоварии масъӯляти қатъии ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар ҳифзу сиёнат аз амнияти маконҳои дипломатӣ таъкид кард, амнияти комили сафорату намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳироту дигар шаҳрҳои Афғонистон бояд ба таври комили таъмин ва тазминҳои лозим барои фаъолияти амни ин намояндагиҳо ироа шавад.

Рӯзи душанбе теъдоде бо таҷаммуъ дар муқобили сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва Сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот иқдом ба сангпартоӣ карданд. Ин иттифоқ пас аз он рӯй дод, ки аз ҳудӯди як моҳ қабл бархе ахбори кизб бо мавзӯи муҳоҷирини афғонистонӣ ва бо ҳадафи таҳрики авотиф ва эҳсосоти тарафайни эронӣ ва афғонӣ дар фазои маҷозӣ мунташир шуд.

Дар пайи ҳамлаи сешанбеи гузаштаи фарде такфирӣ дар саҳни Паёмбари Аъзам(с)-и ҳарами имом Ризо (ъ) дар шаҳри Машҳад, ба се зоири рӯҳонӣ, ки ба шаҳодати ду нафар аз онон мунҷар шуд ва вокуниши густардаи чеҳраҳои сиёсӣ ва уламои Афғонистониро низ дар пай дошт, тасовире ғайривоқеӣ бо муҳтавои шиканҷа ва бадрафторӣ бо муҳоҷирони афғонистонии сокини Эрон, мунташир шудааст.

Арзёбии ҷараёнсозиҳои хабарӣ тайи ҳафтаҳои ахир нишон медиҳад, ки иқдомоте барномарезӣ шуда аз сӯи душманон барои таъсиргузорӣ бар афкори умумӣ дар Эрону Афғонистон дар ҳоли пайгирӣ аст, ки аз тариқи Эронҳаросӣ ва Афғонистонҳаросӣ анҷом мешавад; ахбори сохтагӣ ва баъзан қадимӣ аз ҳуҷуми муҳоҷирини афғонистонӣ ба самти Эрон ва ё интишори ахбори кизб перомуни дастгирии гуруҳҳое аз атбои афғонистонӣ, ки дар ҳоли барномарезӣ барои иқдомоти террористӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон буданд, дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.

Эҷод ва ё ташдиди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ, ҳамвора яке аз сиёсатҳои душманон, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ барои буҳронсозӣ ва бурузи ноамнӣ дар кишварҳо ва ҳамсоягон будааст. Кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин аз мавзӯи муҳоҷирон низ ба унвони аҳруми фишор алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода мекунанд дар ҳоле, ки худашон ҳеҷ гоҳе нигоҳи инсонӣ ба мардуми Афғонистон надоштаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз чиҳил сол аст, ки мизбони муҳоҷирони афғонистонӣ буда ва акнӯн дастикам 5 миллионнафар аз онон дар Эрон басар мебаранд ва аз имконоти мавҷӯд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун шаҳрвандони эронӣ баҳраманд ҳастанд. Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон низ сабаб шуд, ки мавҷи ҷадиде аз атбои афғонистонӣ ба самти Эрон роҳӣ шаванд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бовуҷуди мушкилоти иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои золимона ва бидуни кумакҳои байналмилалӣ, ҳеҷ монее барои вуруди онон эҷод накард ва мизбони шоиста барои ин муҳоҷирон будааст.

 

Барчасп