Дар бораи озодсозии мутолиботи молии Эрон тавофуқ шудааст
Вазир умри хориҷаи Эрон аз тавофуқи аввалин дар бораи озодсозии мутолиботи молии Ҷумҳурии Исломӣ назди яке аз бонкҳои хориҷи хабар дод.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон ,Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар нишасти хабарии муштарак бо Фаъвод Ҳусейн вазири хориҷаи Ироқ дар Теҳрон изҳор кард, тавофуқ дар хусӯси озодсозии муталиботи молии Эрон назди яке аз бонкҳои хориҷӣ ба вуҷӯд омада ва ҳайате аз яке аз кишварҳо барои пайгирии мароҳили иҷроии он дар Теҳрон буд ва музокироте анҷом ва дар бораи замон ва чӣ гӯнагии озод созии ин маблағ тавофуқи аввалия шуд.
- Раиси дастгоҳи дипламатии Эрон ҳамчунин бо ишора ба равобити Эрон ва Ироқ бар аҳамияти лағви раводиди заминӣ байни дукишвар таъкид ва ибрози умедворӣ кард . Дар ояндаи наздик бо таваҷҷӯҳ ба фосила гирфтани дукишвар аз бӯҳрони вируси Короно битавон рафту омадҳои атбои дукишварро аз тариқи марзҳои заминӣ густариш дод.
Амир Абдуллоҳиён ба таҳавуллоти Афғонистон низ ишора кард ва гуфт, Эрон аз ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳама ақвом дар Афғонистон ҳимоят мекунад.
- Вазири умури хориҷаӣ Эрон ҳамчунин аз барқарории оташбас дар Яман истиқбол кард ва бар муҳосираи инсонӣ ва гуфтугӯҳои яманӣ таъкид кард.
Фаъвод Ҳусейн вазири умри хориҷаи Ироқ низ дар ин нишасти хабарии муштарак бо баёни инки амнияти Эрон ва Ироқ муртабит бо якдигар аст изҳор кард, бародарони эронӣ бархе шикоятҳоро дар бораи бархе масоили амниятӣ доранд ва бояд бо сароҳат дар ин бора суҳбат ва ин масъаларо аз роҳҳои дипламати ва гуфтугӯ ҳал кард.
Вазири умури хориҷаи Ироқ дар бораи гуфтугӯҳои Эрон ва Арабистон низ ибрози умедворӣ кард, аз гуфтугӯҳои баста ва маҳрамонаи Эрон ва Арабистон ба гуфтугӯҳои алани расид.
Бештар бихонед: