Июн 10, 2023 20:02 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии 2/7 миллиарддоллар аз манобеи арзии Эрон дар Ироқ

Раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Ироқ аз озодсозии 2 /7 миллиард доллар аз манобеи арзи(асъор)-и Эрон дар Ироқ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Яҳё Оли Исҳоқ, раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Ироқ бо ишора ба озодсозии ду миллиарду 700 миллион доллар аз дороиҳои Эрон дар Ироқ, гуфт, бозгашти сармоя ба дохили кишвар бар бозорҳо таъсири басазое хоҳад гузошт, зеро аз як сӯи ниёзҳои Бонки марказиро таъмин мекунад ва аз сӯи дигар колоҳои асосии харидорӣ шуда ба зудӣ вориди кишвар хоҳад шуд.

Вай бо ишора ба судӯри муҷаввизи озодсозии бахше аз талабҳои Эрон афзуд, дар воқеъ ин, гушоиши арзӣ метавонад ба суботи бозори арз ва ҳамчунин колоҳои асосӣ кумаки қобили таваҷҷӯҳе кунад.

 

Барчасп