Март 09, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар лузуми тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Ироқ
    Таъкиди Раисӣ бар лузуми тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Ироқ

Раис Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, бар лузуми тақвияти ҳамкориҳои Теҳрон-Бағдод ба хусус дар ҳавзаҳои энержӣ, санъатӣ, тиҷорӣ, молӣ ва бонкӣ таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад Шаёал Судонӣ нахуствазири Ироқ гуфт: Равобити ду миллат Эрон ва Ироқ гарм ва таърихӣ аст ва реша дар фарҳанг, тамаддун ва боварҳои амиқи муштарк дорад.

Раисӣ бо мурури охарин вазъияти ҳамкориҳои иқтисодии дукишвар ба вижа тавофуқоти созанда сурат гирифта дар сафари ахири нахуствазири Ироқ ба Теҳрон, бар лузуми тақвияти ҳамкориҳо ба хусус дар ҳавзаи энержи,  санъатӣ, тиҷорӣ, молӣ ва бонкӣ баъкид кард.

Нахуствазири Ироқ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ гуфт: Давлат ва миллати Ироқ ҳамвора қадрдонӣ ҳимоятҳо ва кумакҳои бародарони эронии худ ба вижа дар рӯзҳои сахт буда ва хоҳад буд.

Барчасп