Сарлашкар Мусавӣ: Умқи роҳбурдии душман дар дастраси таҷҳизот ва дасти баланди Ҷумҳурии Исломӣ аст
(last modified 2022-04-17T12:29:59+00:00 )
Апрел 17, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Мусавӣ: Умқи роҳбурдии душман дар дастраси таҷҳизот ва дасти баланди Ҷумҳурии Исломӣ аст
    Сарлашкар Мусавӣ: Умқи роҳбурдии душман дар дастраси таҷҳизот ва дасти баланди Ҷумҳурии Исломӣ аст

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҳар гуна иқдоми зидди Эрон ҳазинаҳои газоф барои душманон ба дунбол хоҳад дошт.

Генерал Сайид Абдурраҳими Мусавӣ дар паёме ба муносибати 29 фарвардин, рӯзи Артиш ва ҳамосаофариниҳои Нерӯи заминии қаҳрамон таъкид кард: Фарзандони миллат дар Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ин нерӯи  қудратмандро дар тарози артиши инқилобӣ, маънавиятмеҳвар, вилоятмадор ва мардумӣ иртиқо ва ҳамвора амнияти кишварро дар дастури кори худ қарор доданд.

  • Генерал Мусавӣ афзуд: Имрӯз артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо артиши маънавиятмеҳвари дунё аст, ки иқтидор ва сарварии худро дар пойбандӣ ба сираи бузургони дин ва амал ба таклифи сарбозӣ ва ҷонбозии миллати бузурги Эрон ёфтааст.
  • Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Афзоиши тавони низомии артиш ва ба рӯзоварии роҳкунишҳо ва шеваҳои набарди муносиб бо ҷангҳои навин ва омодагии руёрӯӣ бо ҳар таҳдиде, артиш ва маҷмуаи муқтадири Нерӯҳои мусаллаҳро табдил ба дасти пурзӯри иқтидори низом ва Ҷумҳурии Исломиро лангари суботи минтақа кардааст.
  • Генерал Мусавӣ гуфт: Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз бо таҷрибаи дирӯз набарди воқеиро дар ҳар шароити ҷуғрофиёӣ омӯхта ва озмуда ва ҳар навъ таҳдидро бо болотарин сатҳи тавонмандӣ посух хоҳад дод.

29 фарвардин дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон ба номи Рӯзи Артиш номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп