Душман аз ваҳдати байни артиш ва сипоҳ бимноку асабонӣ аст
(last modified Wed, 20 Apr 2022 04:01:27 GMT )
Апрел 20, 2022 09:01 Asia/Dushanbe
  • Дидори сардорони артиш ва сипоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон
    Дидори сардорони артиш ва сипоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар дидор бо фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, душман аз ваҳдати байни артишу сипоҳ бимнок ва асабонӣ аст.

Сардор сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ дар дидор бо амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба муносибати рӯзи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамосаофариниҳои неруии заминии қаҳрамон афзуд: Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамаи вусъату азамате, ки дорад дар ҳавзаҳои мухталифи таҷҳизотӣ ва тахассусӣ пешрафтҳои чашмгире доштааст.

Сарлашкар Саломӣ бо ишора ба пешрафтҳои таҳқиқотӣ ва дифои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҷиҳоди худкифоӣ дар артиш аз қидмату раванди бисёр хубу муваффақе бархурдор аст ва ба воситаи он бархе тахассусҳо дар артиш, аз ҷумла ҳавзаҳои ҳавоӣ, болгардӣ ва дарёӣ решае қавӣ ва дерина дорад, ки дар даврони пуршукӯҳи инқилоб бо вуҷуди ҷанги таҳмилӣ, коркунони мутахассису мутааҳҳиди ин бахшҳо барои пӯё нигаҳ доштани таҷҳизоту неруи марбутаи мухлисонаву муҷоҳидона талош карданд.

Сарлашкар Саломӣ пешрафтҳои артишу сипоҳ дар ҳавзаи паҳподиро бисёр арзишманду қудратсоз тавсиф кард ва гуфт: Сохти паҳпод бо технологияҳои зиёди он имрӯз ҳам дар артиш ва ҳам дар сипоҳ бисёр чашмгир аст.

Амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ ҳам бо баёни ин ки ваҳдату ҳамдилӣ ва якпорчагӣ байни Неруҳои мусаллаҳ бисёр ширину хушҳолкунанда аст, дар бораи пешрафтҳои дифоӣ ва таҳқиқотии артиш гуфт: Худкифоӣ дар артиш собиқаи тӯлонӣ дорад ва сайри такомулии он ҳамчунон идома дорад.

29 фарвардин (18 апрел) дар тақвими Эрон ба номи Рӯзи Артиш номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп