Баҳодурии Ҷаҳрумӣ: Амрико ба шикасти сиёсиву низомӣ аз Эрон одат кардааст
Сухангӯи давлати Эрон гуфт, Амрико ва соири бадхоҳони мардуми Эрон солҳост, ки ба шикасти сиёсиву низомӣ аз Эрон одат кардаанд.
6 ҳавопаймо ва 8 болгарди амрикоӣ ба баҳонаи он чӣ озодии 53 ҷосуси амрикоии боздоштшуда дар “лонаи ҷосусии Амрико” унвон шуда буд, вориди фазои парвозии Эрон шуданд, ки бар асари тӯфони шину бархӯрди ҳавопаймоҳо ва болгардҳо чанд низомии амрикоӣ кушта шуданд ва ин тавтеа шикаст хӯрд.
Амалиёти “Панҷаи уқоб” дар саҳрои Табас саранҷом ба ҷаҳаннаме бар рӯйи шинҳои доғи кавир табдил шуд ва ин иқдоми таҷовузкорона ба таври комил шикаст хӯрд.
Алӣ Баҳодурии Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи душанбе дар ёддоште бо ишора ба моҷарои Табас, яке аз далоили муҳими шикастҳои зиёди Амрико аз миллати Эрон ва ба ҳамрехтагии муҳосиботии онҳоро имони мардуми Эрон ва ҳаросати илоҳӣ аз ҷомеаи исломӣ донист ва гуфт: Дифои муқаддас ва мақотеи пас аз он пур аст аз нишонаҳое, ки шикасти қатъии муҳосибашударо ба пирӯзии ҳатмии миллати Эрон табдил кардааст, як намунаи он шикасти таҳримҳо аст.
Сухангӯи давлати Эрон бо баёни ин ки таҳримҳои бесобиқаи зидди Эрон ва фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Теҳрон як шикасти фоҳиш барои Ғарб аст, гуфт: Амрико ва соири бадхоҳони мардуми Эрон солҳост, ки ба шикасти сиёсиву низомӣ аз Эрон одат кардаанд, агар ибратгиранда бошанд.