Апрел 28, 2022 18:10 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс
    Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс

Вазорати умумри хориҷаи Эрон эълом кард: Баргузории ҳамапурси бо мушорикати тамоми сокинони аслии Фаластин ҳамчунон пешниҳоди амали ва демакрати барои таъини сарнавишт ва ояндаи Фаластин аст.

Фардо ҷумъа 29 апрели соли 2022 барбар аст бо 9 урдибишти 1401 ва мусодиф аст бо 27 рамазони соли 1443 рузи ҷаҳонии Қудс аст, ҳазарти Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон барои зинда мондани масъалаи асосии Фаластин ва эъломи ҳамбастагии мусалмонони ҷаҳон бо фаластиниҳо  ва басиҷи нерӯҳо барои наҷоти Қудси шариф аз ишғоли саҳюнистҳо, охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазонро ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузори карданд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе зимни даъвати миллатҳои ҷаҳон ба вижа миллати Эрон ба ширкат дар барномаҳои гиромидошти рӯзи ҷаҳонии Қудс таъкид кард: Рӯзи ҷаҳонии Қудс ёдгори бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ, намоди якпорчагӣ ва инсиҷоми ҷаҳони Ислом, намоди посдошти ормони мутаъолии Фаластин ва ҳимоят аз муборизаи мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин дар муқобили ишғолгарони саҳюнистӣ аст.

Дар ин баёния меафзояд: Имрӯз масъалаи Қудс нафақат масъалаи исломӣ, ки мақулаи ҷаҳонӣ ва инсонӣ аст, ки меъёр ва санҷаи озодагӣ шуда аст то ҷой, ки мутобиқи табйини Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз дифоъ аз Фаластин дифоъ аз ҳақиқат аст, ҳақиқати бисёр густарда аз масъалаи Фаластин, имрӯз мубориза бо режими саҳюнистӣ мубориза бо истикбори ва низоми золим аст.

Вазораи умури хориҷаи Эрон бо гиромидошти ёду хотираи шуҳадои роҳи Фаластин ва муқовимат ба вижа шаҳиди сардори сарафроз сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва бо таъкид бар тадовуми сиёсати усулии ҳимоят аз муборизоти раҳоӣ бахши мардуми Фаластин ва муқобила бо ишғолгарони ғосиб ва ҷинояткори саҳюнист ва зарурияти қатъии ташкили давлати Фаластин ба пойтахти Қудси шариф эълом кард, ҳамапурси бо мушорикати тамоми сокинони аслии Фаластин ҳамчунон пешниҳоди амалӣ ва демакрати барои таъини сарнавишт ва ояндаи Фаластин аст.

 

Барчасп