Апрел 28, 2022 21:08 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии ҳавопаймоӣ Афғонистон, парвози масири Машҳад-Кобул
    Аз саргирии ҳавопаймоӣ Афғонистон, парвози масири Машҳад-Кобул

Мудири равобит умумии фурудгоҳи байналмиллалӣ Машҳад гуфт: Ба дархости ҳавопаймоӣ Афғонистон, парвозҳои Маҳад-Кобул аз ин пас илова бар ширкатҳои ҳавопаймоӣ эронӣ аз тариқи ширкатҳои ҳавопаймоӣ Афғонистон низ барқарор мешавад.

Ҳасан Ҷаъфарӣ афзуд: Парвози Кобул-Машҳад се рӯз дар ҳафта аз сӯи ширкати ҳавопаймоӣ Орёно афӯон анҷом хоҳад шуд.

Ҷаъфарӣ гуфт: Тибқи дархости Афғонистон аввалин парвоз қарор аст рӯзи ҷумъа 6 май анҷом шавад ба гуфтаи мудири равобит умумии фурудгоҳи байналмиллалии Ҳошиминажоди Машҳад дар ҳоли озир парвозҳои масири Машҳад-Кобул тавассути теъдоди аз ширкатҳои эронӣ дар ҳоли анҷом аст, аммо анҷоми парвоз дар ин масир тавассути ҳавопаймоӣ Афғонистон беш аз як сол аст, ки мутаваққиф шуда буд.

Фурудгоҳи шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад пас аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дувумин фурудгоҳи пуртрофики Эрон аст, ки ба таври миёнгин рузона 180 парвоз ва дар замони авҷи мусофиратҳо то 250 парвози вурудӣ хуруҷӣ дар он анҷом мешавад.

 

Барчасп