Раисӣ дар дидори сафирон: Одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ монанди парвариши мор дар остин аст
(last modified 2022-04-29T10:05:35+00:00 )
Апрел 29, 2022 15:05 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, терроризми давлатӣ нақзи систематики ҳуқуқи башар, бакоргирии силоҳҳои мамнуа алайҳи мардум, фишорҳои физоянда алайҳи мардуми Қудс ва Каронаи Бохтарӣ, беэҳтиромӣ ба Масҷидулақсо ҳеҷ кумаке ба пойдорӣ ва амнияти режими саҳюнистӣ накардааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷуҳмурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ панҷшанбе дар дидор бо сафирону раисони намояндагиҳои кишварҳои исломӣ, зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар ҷамъи хонаводаи ҷаҳони Ислом гуфт: Моҳи мубораки Рамазон - моҳи ҳувиятсоз барои ҷомеаи исломӣ аст, дар канори тарвиҷи рӯҳи ихлосу маънавият дар ҷомеа, ки мунҷар ба илтифоти ҳамагонӣ ва худсозӣ мешавад, инсонҳоро нисбат ба якдигар меҳрубонтар мекунад.

Раисӣ гуфт, ҷамъияти азиму рӯ ба рушди мусулмонон дар ҷаҳон дар канори гароиши физояндаи ҷавонон ба риояти шариати исломӣ, навиддиҳандаи даврони ҷадиде аз азамати тамаддуни навини исломӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки улгӯи зоҳирфиреби либарал - демократии ғарбӣ инак ва ба эътирофи худи мақомоти ғарбӣ ҷаззобияташро ҳатто дар Ғарб аз даст додааст ва натсионализми ифротӣ ва иқтидоргароӣ аз даруни ҷавомеи ғарбӣ онро ба чолиш мекашад.

Раисӣ хотирнишон кард, дар ин шароит уммати исломӣ ниёз ба ваҳдат дорад. Ҳамон тавр, ки Қуръони карим мефармояд: Уммат бо убудийяти Парвардгор робитаи мустақим дорад ва тафовутҳо халале дар воҳид будани уммат эҷод намекунад.

Вай бо ишора ба ҷойгоҳи Рӯзи Қудс дар зинда нигаҳ доштани масъалаи Фаластин ва муқовимат дар минтақа таъкид кард: Рӯзи Қудс ба унвони меросу ибтикори ҳушмандонаи Раҳбари фақиди инқилоби исломӣ имом Хумайнӣ (раҳ), масъалаи Фаластин ва муқовиматро ба унвони қалби тапандаи ҷаҳони Ислом зинда нигаҳ доштааст. Рӯзи Қудс - рӯзи ҳамбастагии уммати исломӣ аст ва ин рӯз умеди мазлумону мустазъафон ва рӯзи яъси режими саҳюнистиву душманони Ислом аст. Ҷумҳурии исломии Эрон дар амал исбот кардааст, ки дар рӯзҳои сахт дасти бародарону дӯстони худро раҳо намекунад.

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, дар айни ҳол ҷумҳурии исломӣ барои ҳаллу фасли ин мушкили бузург дар сарзамини Фаластин як роҳи ҳалли одилона, демократӣ ва мубтанӣ бар стандартҳои байналмилалӣ ироа кардааст ва он руҷуъ ба орои ҳамаи фаластиниҳои асили мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ барои таъйини сарнавишти сиёсии кишвари худ ва эҷоди як давлати фарогир дар сарзаминҳои таърихии Фаластин аст ва ин ибтикори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҷузви асноди сабтшуда назди Созмони Милали Муттаҳид аст.

 

Барчасп