Оғози суханронии телевизионии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар охирин ҷумъа аз моҳи мубораки Рамазон, баробар бо Рӯзи Ҷаҳонии Қудс ба сурати зиндаву телевизионӣ оғоз шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, суханронии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз шабакаҳои дохилӣ ва бурунмарзии садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли пахш аст.
Имрӯз – ҷумъа, 29 апрели 2022 (9 урдибиҳишти 1401) мусодиф бо 27 Рамазони 1443 - Рӯзи Ҷаҳонии Қудс аст.
Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон барои зинда мондани масъалаи асосии Фаластин ва эъломи ҳамбастагии мусулмонони ҷаҳон бо фаластиниҳо ва басиҷи неруҳо барои наҷоти Қудси шариф аз ишғоли саҳюнистҳо, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони Рӯзи Ҷаҳонии Қудс номгузорӣ карданд.