Май 01, 2022 16:51 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон
    Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Бо фавти 13 нафари дигар аз мубталоён ба Ковиди-19 дар шабона рӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин бемори дар Эрон ба 141 ҳазору 96 нафар расид.

Ба гузориши маркази равобит умумии Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар иттилоъияи эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз ё май ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 655 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди-19 дар Эрон шиосоӣ шуд, ки 111 нафари аз онҳо бистари шуданд ва маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллион 22 ҳазору 308 нафар расид.

Вазорати беҳдошту дармони Эрон дар иттилоъияи афзуд: То кунун 6 миллиону 986 ҳазору 516 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун беш аз 513 миллиону 379 ҳазор нафарро дар дунё мубтало кард ва беш аз 6 миллиону 260 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп