Май 08, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори Башор Асад бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
    Дидори Башор Асад бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Раиси Ҷумҳурии Сурия бо Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Нур Нюз, Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия имрӯз якшанбе дар сафар ба Теҳрон бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ ва Сайид Иброиҳи Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.

Аз соли 2011 мелодӣ, ки Сурия даргири ҷанг бо гуруҳҳои террористии такфири шуд ин дуввумин бор аст, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар ба Эрон сафар мекунад.

Аввалин сафари Башор Асад ба Эрон дар соли 2018 пас аз муваффқияти эътилофи Эрон, Русия ва Сурия дар саркубии террористҳои такфирӣ ва барқарории оромиши нисби дар ин кишвар анҷом шуд.

Дар аввалин сафари Башор Асад ба Эрон,  сардори сипаҳбуд ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, қаҳрамони мубориз бо терроризм ва фармондеҳи пирӯзи набард бо ҷинояткорони такифирӣ ва ҳомиёни ғарбӣ онҳо, раиси Ҷумҳурии Сурияро ҳамроҳи мекард.

Раиси Ҷумҳурии Сурия пас аз дидору гуфтугӯ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Теҳронро ба мақсади Димишқ пойтахти Сурия тарк кард.

Гузориши машруҳи сафари раиси Ҷумҳурии Сурия ба Теҳрон соати дигар мунташир хоҳад шуд.

 

Барчасп