Мудири кулли Салиби Сурх сафар ба Эронро мусбат арзёбӣ кард
Мудири кулли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо мусбат арзёбӣ кардани сафари ду рӯзаи худ ба Теҳрон гуфт, дар бораи масоили мухталиф, аз ҷумла вазъияти муҳоҷирони афғонистонӣ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтугӯ кардааст.
Robert Mardini, мудири кулли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои ширкат дар оини садумин солгарди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи шанбе ба Теҳрон сафар ва бо шуморе аз мақомоти эронӣ дидору гуфтугӯ кард.
8 то 14 майи ҳар сол, ҳафтаи ҳилол, Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аст.
Ба гузориши ИРНА, Robert Mardini рӯзи душанбе дар ташреҳи гуфтугуҳои худ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, баррасии авзоъ дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири ин кишвар, ки дар моҳи август бо тағйири давлат сӯрат гирифт, аз муҳимтарин мавзуоти гуфтугу бо мақомоти Эрон будааст.
Вай гуфт, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо Ҳилоли Аҳмари Эрон роҳҳои ироаи хадамоти беҳдоштии ҳаётӣ ба муҳоҷирону паноҳндагони афғонро мавриди баҳс қарор дод.
Robert Mardini ҳамчунин афзуд, дар бораи вазъияти Яману Сурия ва таъсироти ҷангу хушунатҳо ва ҳамчунин тағйироти обу ҳавоӣ бо мақомоти Эрон гуфтугӯ кардааст.
Мудири кулли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо ишора ба рафтори саховатмандонаи Эрон бо паноҳҷуён афзуд, тавсеаи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар заминаи сомондиҳии муҳоҷирони Афғонистон ва муқобила бо Ковид аз заминаҳои ҳамкории Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо Эрон аст.