Ноябр 26, 2016 14:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷии Туркия бо раисҷумҳури Эрон

Вазири умури хориҷии Туркия бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Мавлуд Човушғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ки субҳи имрӯз, шанбе вориди Теҳрон шудааст, бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон гуфтугӯ кард. Ҳамчунин қарор аст, ӯ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ дидор кунад.

Ин дувумин сафари Човушуғлу ба Эрон пас аз кудатои нофарҷоми моҳи июли соли 2016 дар Туркия аст. Ройзаниҳо ва рафтуомадҳои дипломатӣ байни мақомоти Эрону Туркия, бавижа баъд аз кудатои нофарҷом дар ин кишвар бо вуҷуди шебу фарозҳо аз рушди физояндае бархурдор будааст. Ду тараф бо вуҷуди равобити наздики иқтисодӣ дар масоили минтақаӣ бо ҳам ихтилофи назар доранд ва ба дунболи ёфтани роҳҳалу наздик кардани дидгоҳҳои худ, бавижа дар Ироқу Сурия ҳастанд.

 

Барчасп