Хатибзода: Амрико бояд тасмими сиёсӣ бигирад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки дар сафари ҳамоҳангкунандаи БарҶом ба Теҳрон ибтикорот ва пешниҳодоти хоси аз сӯи Эрон матраҳ шуд гуфт: Тарафи амрикоӣ бояд тасмими сиёсии худро бигирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабари изҳор кард, дар сафари Энреке Мора ҳамоҳангкунандаи БарҶом ба Теҳрон бархе роҳиҳалҳои пешниҳод ва барқарор шуд, агар Амрико ба ин пешниҳодҳо посух диҳад мо дар мавқеъият қарор мегирем, ки ҳамаи тарафҳо барои анҷоми тавофуқ ба Вена баргарданд.
- Хатибзода таъкид кард Эрон ҳамвора хостори ҳуқуқи қонунии худ аст ва бояд тамоми бахшҳо ва фишорҳои ҳадиаксарие, ки давлати Трамп гузошта аст бардошта шавад.
- Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи таҳаррукоти саҳюнистӣ низ гуфт ҳар замоне, ки ибтикор дар ҳавзаи дипломосӣ анҷом мешавад режими ҷаълии ишғолгари Қудс таҳаррукоти ҷиддиро зидди дипломосӣ анҷом медиҳад ва ин мавзуъи ҷадиде нест.
- Хатибзода дар хусуси таҳаввулоти Афғонистон низ изоҳр кард, ҳайати ҳокимаи сарпарасти Афғонистон масъулияти қаъти барои таъмини амният дар дохили ин кишвар ва ин ки гуррҳои террористӣ таҳдиди зидди ҳамсоягон набошад, дорад.
Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон дар бораи ҳамаи мардуми Афғонистон шомили ҳамаи гуруҳҳо ҷидди нигарони вазъияти онҳо аст таъкид кард мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон як мавзеъи усули ва мубтани бар воқеъиятҳои Афғонистон аст.