Май 18, 2022 13:54 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи бузургдошти ҳаким Умари Хайём гиромӣ бод

Рубоиёти Хайём шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва ба ағлаб забонҳои дунё тарҷума шудааст.

Дар тақвими Эрон бистуҳаштуми урдибиҳишт, баробар бо ҳаждаҳуми май Рӯзи бузургдошти донишманд, шоир ва орифи баландовозаи Эрон ҳаким Умари Хайём номгузорӣ шудааст.

Абулфатҳ Умар бин Иброҳим Хайёми Нишопурӣ, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим, пизишк, шоир ва нависандаи бузурги эронӣ дар авохири қарни панҷум ва авоили қарни шашуми ҳиҷрӣ аст.

Хайём дар ҳудуди солҳои 417 то 440 қамарӣ дар Нишопур мутаваллид шуд ва агарчӣ шуҳрати ӯ дар даврони зиндагиаш бештар дар ҳикмат, тиб, нуҷум ва риёзиёт буд, аммо имрӯз ӯро дар ҷаҳон бештар ба сабаби рубоиёти фалсафии латифаш мешиносанд.

Ҳамчунин Хайём дар риёзиёт чанд асари маъруф дорад, ки китоби ҷабр (алгебра) ва муқобила аз ҳама машҳуртар аст.

Хайём ҳамчунин дар ислоҳи тақвими эронӣ ва тадвини тақвими Ҷалолӣ, ки мабнои он оғози соли нав бо аввали фарвардин ва Наврӯз аст ва солро 365 ё 366 рӯз таъйин мекунад, нақши умдае доштааст.

 

Барчасп