Сардор Саломӣ: Сабри мардуми Эрон дар шароити таҳрим, улгӯи озодихоҳонӣ ҷаҳон аст
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, сабри мардуми Эрон дар корзорӣ иқтисодии таҳримҳоро шоҳкор, падидаи истисноӣ ва улгӯи зебо барои ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон унвон кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сардор сарлашкар Ҳусейни Саломӣ бо баёни ин, ки ин наҷобати бо шукӯҳ, аз миллати Эрон чеҳраи як уммати қавӣ ва бо ирода сохтааст афзӯд: Дастони так таки мардуми Эронро ба нишонаи эҳтиром мебӯсам ва ба имони онон таъзим мекунам.
Садор Саломӣ гуфт: Посдорон барои шикаст додани сиёсатҳои душман аз ҳузӯри огоҳона, муъминона ва муҷоҳидонаи мардуми Эрон баҳра бурдааст зеро онҳо ҳеҷгоҳ инқилобро танҳо нагузоштаанд ва дар ҳар шароите барои набарди сахт бо душманон эъломи омодагӣ карданд.
- Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон тасреҳ кард, ҳунари миллати Эрон дар тӯли 40 соли гузашта ин аст, ки ҳариз фиреби душман ва нифоқи онро нахурда ва иҷозаи нуфӯз ба душманонро надодааст.
Садор Саломӣ бо баёни ин, ки Эрон имрӯз аз ҳар замоне муқтадиртар ва тавонотар барои ҳалли масоъили худ аст таъкид кард, душман натавонист пушти ин миллатро дар таҳримии сахти иқтисодӣ хам кунад ва душман аз ҳар замоне дар тӯли ин чиҳил сол заъифтар аст.