Сарлашкар Саломӣ : Эрон дар бесобиқатарин шароити таҳримӣ ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i86140-Сарлашкар_Саломӣ_Эрон_дар_бесобиқатарин_шароити_таҳримӣ_ба_пешрафтҳои_чашмгире_даст_ёфт
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иқдоми Амрико дар эҷоди бесобиқатарин таҳримҳо гуфт: Эрон дар ин шароит ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфт .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2022 09:25 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ : Эрон дар бесобиқатарин шароити таҳримӣ ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфт

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иқдоми Амрико дар эҷоди бесобиқатарин таҳримҳо гуфт: Эрон дар ин шароит ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфт .

Амрико ҳаштуми маи 2018 расман аз Барҷом хориҷ шуд ва зимни бозгардондани таҳримҳои гузашта, таҳримҳои ҷадиде низ зиди Эрон вазъ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ изҳор кард: Аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ то кунун душман дар камин нишаста ва ба ҳар баҳонае саъй дар нобудӣ ва ё зарба задан ба амнияти Эрони исломӣ доштааст, аммо ҳар бор дар партави ҳушёрӣ ва муҷоҳидати фарзандони ин миллат ، душман шикаст хурдааст .
Сарлашкар Саломӣ бо баёни инки кохнишинон сиёҳбахт ва ҳамроҳони онон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон барои зарба задан ба миллати Эрон нақша мекашанд, тасреҳ кард: Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бар ҳасби масъулияте ки дорад, душманро таъқиб ва онҳоро расад мекунад.