Май 22, 2022 17:46 Asia/Dushanbe
  • Киштии Сонӣ дар хидмати мусофирони Ҷоми Ҷаҳонии Қатар
    Киштии Сонӣ дар хидмати мусофирони Ҷоми Ҷаҳонии Қатар

Бо тавофуқи Эрон ва Қатар қарор аст ҳамаи зарфиятҳои рифоҳи аз меҳмонхона ва иқоматгоҳҳои гардишгарӣ ва низ имконоти дарёӣ дар устони Ҳурмузгон дар Ҷоми Ҷаҳони 2022 Қатар дар ихтиёри мусофирон қарор гирад.

Алиакбари Сафоӣ, мудиромили Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон гуфт: Тамаркузи пуштибонии Эрон аз Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар ҷазираи Кеш аст, ки имконоти бисёр хуби дорад.

Яке аз имконоти дарёӣ Эрон дар ҷазираи Кеши устони Ҳурмузгон, киштии мусофири ва гардишгарӣ Сонӣ аст ва ин кишти бо зарфиятҳои қобили қабул омодаи хизматрасонӣ ба мусофирони Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 дар Қатар аст.

Бархе масъулони бандарҳо ва дарёнавардии устони Ҳурмузгон рӯзи шанбе аз киштии мусофирии Сонӣ дар чорчуби тафоҳумномаи ҳамкории муштараки Эрон ва Қатар барои ироаи хадамоти гардишгарии дарёӣ ҳангоми Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар ҷазираи Кеш боздид карданд.

Киштии Сонӣ яке аз бузургтарин киштиҳои мусофирии минтақаи ғарби Осиё аст, ки 176 метр дарози ва 23 бар дорад ин кишти имкони анҷоми дарёнавардӣ дар эминтарин шаройт дар уқёнусҳоро бедуни маҳдудият доро аст.

 

Барчасп