Эрон дорои бузургтарин захираи хуни банди ноф дар ғарби Осиё
Мудиромили Бонки ҳуҷайраҳои бунёдии хуни банди нофи Эрон, Ҷумҳурии исломиро дорои бузургтарин захираи хуни бандиноф дар минтақаи ғарби Осиё эълом кард.
Хуни бандиноф хуне аст, ки пас аз таваллуд дар банди ноф ва ҷуфт боқӣ мемонад; ин хуни ғанӣ аз селлулҳои бунёдӣ аст.
Ҳуҷайраҳои бунёдии хуни банди ноф қодир ба сохти анвоъи селулҳои дигар ва тармиму нигаҳдории селулҳо дар ҳангоми ҷароҳат ҳастанд.
Дар дастрас будан, коҳиши эҳтимолии ради пайванду коҳиши хатари олӯдагӣ аз муҳимтарин ҷанбаҳои аҳамияти захирасозии хуни бандиноф аст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муртазо Заробӣ гуфт, акнӯн 180 ҳазор намунаи хуни бандиноф дар бонки хусӯсӣ ва бонки умумӣ дар кули кишвар захира шудааст, ки ин бузургтарин зарфияти захирасозии селулҳои бунёдӣ дар сатҳи минтақаи ғарби Осиё аст.
Заробӣ бо баёни ин ки дар ҳамаи устонҳои Эрон намояндагии бонки селулҳои бунёдии хуни бандиноф ва ду дафтари намояндагӣ дар кишвари Ироқу Уммон фаъол аст, афзуд, раванди захирасозии селулҳои бунёдии хуни бандиноф дар Эрон рӯ ба рушд аст.
Вай тасреҳ кард, Эрон ҷузви панҷ кишвари бартари ҷаҳон дар таҳия, захирасозӣ ва истифода аз селулҳои бунёдии хуни бандинофи навзодон аст.
Заробӣ изҳор кард, илова бар намунаҳои эронӣ, теъдоде аз намунаҳои селулҳои бунёдии хуни бандинофи навзодон аз кишварҳои Туркия, Руминя, Ироқ, Уммон, Имороту Англия низ дар бонкҳои хуни Эрон захирасозӣ шудааст.
Бештар бихонед: