Май 30, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Кишварҳои минтақа ба масъулиятҳои худ дар қиболи мушкили резгардҳо амал кунанд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки имрӯз муқобила бо резгардҳо табдил ба хостаи муштараки минтақаӣ шудааст, гуфт, аз ҳамаи кишварҳои минтақа интизор меравад ба масъулиятҳои худ дар қиболи ин мушкил амал кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар посух ба тамоси телефонии Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ бо ишора ба мушкилоти ношӣ аз тӯфонҳои хоку ҳуҷуми резгардҳо ба шаҳрҳои Эрону Ироқ изҳор дошт, тағйироти обуҳавоӣ мухтас ба кишвари хосе нест ва аз марзҳо убур мекунад.

Раисӣ ҳамчунин бо ибрози хурсандӣ аз раванди рӯ ба пешрафти ҳаракати миллати Ироқ ва низ таомули гуруҳҳову ҷараёнҳои сиёсӣ барои ташкили давлати ҷадиди ин кишвар гуфт, тасвиби қонуни мамнуияти одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар порлумони Ироқ иқдоме муборак буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин ки тавсеаи хутути иртиботӣ байни ду кишвар муҷиби рушду равнақи иқтисодӣ ва субот дар минтақа мешавад, бар лузуми тасреъ дар амалиёти иҷрои хутути рейлӣ таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба наздик шудани мавсими баргузории роҳпаймоии Арбаин, осонсозии заминаи ҳузури зоирони эрониро хостор шуд.

Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, тамҷиди Раисӣ аз тасмими порлумони Ироқ барои мамнуияти одисозии равобит бо режими саҳюнистиро мояи дилгармии миллату давлати Ироқ донист ва гуфт, Фаластин на фақат масъалаи мусулмонон, балки масъалаи ҳамаи адолатхоҳони ҷаҳон аст ва давлату порлумони Ироқ низ маҷмуае аз тасмимоту иқдомотро дар ҳимоят аз миллати Фаластин доштаанд.

Нахуствазири Ироқ бо баёни ин ки рафъи мавонеи тасреъ дар иҷрои хати оҳани Басра - Шаламчаро бо ҷиддият пайгирӣ хоҳад кард, ба мулоқоти имрӯзи худ бо раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон ишора карду афзуд, дар гуфтугӯҳои Салоҷуқа бо мақомоти ироқӣ муқарар шудааст, ки ҳамкорӣ барои муқобила бо мушкили резгардҳо дар қолаби як тафоҳумнома дунбол шавад.

 

Барчасп