Май 30, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
    Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҳримро аслиҳаи қудратҳо дар муқобили кишварҳо хонданд ва таъкид карданд: Таваҷҷуҳ ба нерӯҳо ва зарфиятҳои дарунӣ силоҳи таҳримро аз кор меандозад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри имрӯз дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: Зарфиятҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф бисёр фаротар аз сатҳи кунуни аст ва бояд бо таваҷҷуҳ ба сиёсати давлати Эрон мабни бар тақвияти равобити ҳамсоягон равобити ду кишвар дучори таҳаввули асосӣ шавад.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба иштирокоти амиқи таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон ду кишварро ҳамчун хешованд ва бародар хонданд. 

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз иқдомоти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши забони форсӣ тақдир ва бо ишора ба аввалин сафари хориҷии оқои Раисӣ ба Тоҷикистон таъкид карданд: Анҷоми ин сафар нишондиҳандаи ҳимматгузоштани давлат барои густариши равобит бо Тоҷикистон аст ва дар як соли гузашта низ сатҳи равобит афзоиш ёфта аст, аммо бо нуқтаи матлуб бисёр фосила дорад.

Эшон зарфиятҳои фаннӣ ва муҳандисӣ, саноатӣ ва илмии Эронро барои кумак ба Тоҷикистон бисёр муҳим арзёби карданд ва афзуданд: Барои истифода аз зарфиятҳо ва густариши ҷиддии ҳамкориҳо бояд комисионҳои муштарак ба сурати ҷиддӣ барои ҳамаи санадҳои имзошуда барномарези ва замонбанди кунад то ба марҳалаи амалиёти бирасанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ, иқлими мутанавеъи Эрон ва заминаҳо ва даштҳои паҳновар ва пешрафтҳои илмӣ ва фановарӣ ва саноати ва ширкатҳои дониши бунён дар Эрон ва ҳамчунин оби фаровон ва маъданҳои густарда дар Тоҷикистонро заминаҳои иртиқои ҳамкориҳои муштарак баршумориданд ва хотирнишон кардан бо вуҷуди таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон пешрафтҳои хуб дар заминаҳои мухталиф дошта аст ва агар таҳримҳо набуд ин пешрафтҳо ба даст намеёмад зеро таҳримҳо боис шуд то ба нерӯ ва зарфиятҳои дохилии худ иттко кунем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таҳримро силоҳи қудратҳо дар муқобили кишварҳо хонданд ва таъкид карданд: Он чизе, ки ин силоҳро аз кор меандозад таваҷҷуҳ ба нерӯҳо ва зарфиятҳои дарунӣ аст.

Эшон бо таъкид бар ин ки яке аз арсаҳои ҳамкори ва ҳамфикри миёни Эрон ва Тоҷикистон масоили минтақа ва махсусан вазъияти Афғонистон аст, гуфтанд: Нигарониҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бораи Афғонистон муштарак аст ва ҳарду кишвар аз густариши терроризм ва рушди гуруҳҳои такфирӣ дар ин кишвар нигарон ҳастанд ва мо муътақидем, ки оқоёне, ки акнун дар Афғонистон бар сари кор ҳастанд бояд битавонанд бо як ҳукумати ҷомеъ ва фарогир аз ҳамаи гуруҳҳо истифода кунанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба сафари ахири раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон ва ифтитоҳи корхонаи тавлиди паҳпод ингуна ҳамкориҳоро бисёр муҳим разёби ва хотир нишон карданд: Паҳподи имрӯз омили муҳими дар амнияти кишварҳо аст.

Дар ин дидор, ки Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Эрон низ ҳузур дошт Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози хурсандии фаровон аз ҳузур дар Теҳрон ва дидор бо Раҳбари инқилоби исломӣ ба гуфтугӯҳои худ бо раиси Ҷумҳурии Эрон ишора кард ва гуфт: Музокироти хуби дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва саноати анҷом шуд ва бо таваҷҷуҳ ба санадҳои имзошуда умед аст бо ҳидоятҳои ҷаноби олӣ равобити ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон нигароҳиҳои амниятӣ ба вижа дар бораи Афғонистон ва густариши терроризмро аз мавзуъоти муҳим миёни ду кишвар баршуморид ва афзуд: Мо хостори сулҳ ва оромиш ва ҳукумати бо ҳузури ҳамаи қавмҳо дар Афғонистон ҳастем ва умедворем бо афзоиши ҳамкориҳои амниятии Эрон ва Тоҷикистон битавон бар нигарониҳо ғалаба кард.