Баргузории ҷашни мелоди ҳазрати Маъсума(с) ва рӯзи духтар дар Машҳад
(last modified Wed, 01 Jun 2022 12:30:31 GMT )
Июн 01, 2022 17:30 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни мелоди ҳазрати Маъсума(с) ва рӯзи духтар дар Машҳад
    Баргузории ҷашни мелоди ҳазрати Маъсума(с) ва рӯзи духтар дар Машҳад

Маросими валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) ва рӯзи духтар бо ҳузури духтарони Машҳад ба ҳамроҳии модарони худ дар маркази устони Хуросони Разавӣ, шимоли шарқи Эрон баргузор шуд.

Духтарони Машҳад имрӯз чоршанбе бо ҳамроҳ доштани шохаи гӯл дар ҷашни гулборон ба муносибати фаро расидани валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с), рӯзи духтар ва шуруъи ҳафтаи каромат ширкат карданд ва ба шеърхони пардохтанд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, маросими гулборони ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо(а) имоми ҳаштуми шиъаёни ҷаҳон, вижаи духтарон ва модарон дар Машҳад низ баргузор шуд.

Имрӯз чоршанбе аввали зиқаъдаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 11 хурдомоҳ солрӯзи мелоди фархунда ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) духтари гиромии ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар(а) аст.

Дар эрони исломӣ рӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(а)-ро рӯзи духтар номгузори шуда аст.

Дар рӯзи мелоди каримаи Аҳлубайти исмат ва таҳорат(а) ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) эрони исломӣ ғарқи шоди аст ва мардум бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) дар шаҳри муқаддаси Қум ва дигар маконҳои мазҳаби ин рӯзи фархундаро ҷашн мегиранд ва хонаводаҳо ба духтарони худ ҳадия медиҳанд.

Аз имрӯз  то 21 хурдод (11 июн) солрӯзи мелоди ҳазрати Имом Ризо(а), даҳаи каромат номгузори шуда аст.

Ойини валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) дар саросари эрони исломӣ баргузор мешавад.