Сабти нахустин ихтирои байналмилалӣ ба номи Донишгоҳи Теҳрон дар идораи ихтирооти Амрико
(last modified Tue, 07 Jun 2022 08:33:04 GMT )
Июн 07, 2022 13:33 Asia/Dushanbe
  • Сабти нахустин ихтирои байналмилалӣ ба номи Донишгоҳи Теҳрон дар идораи ихтирооти Амрико

Ихтирои баргирифта аз рисолаи доктории донишомӯхтаи риштаи муҳандиси шимии биотехнологияи донишкадаи фаннии Донишгоҳи Теҳрон, барои нахустин бор ба номи ин донишгоҳ дар идораи ихтирооти Амрико ба сабт расид.

Ихтирои баргирифта аз ин рисолаи доктории донишомӯхтаи Донишгоҳи Теҳрон, ки бо ҳамкории Маркази биотехнологияи Кореяи Ҷанубӣ анҷом шудааст, рӯйкарде наву илҳом гирифта аз табиатро барои ҳалли мушкили бисёре аз манобеи обӣ, ки мизони нитрати онҳо беш аз ҳаддимуҷоз аст, муаррифӣ мекунад.

Улгӯи аслии ин ихтироъ, ки баргирифта аз рисолаи доктории Фарибо Ризвонӣ бо роҳнамоии доктор Муҳаммадҳусайни Саррофзода, раиси курсии ЮНЕСКО дар бозёфти об аст, ҳазфи нитрат аз манобеи оби ошомиданӣ бо роҳкори табиатмеҳвар аст.

Ба гузориши ИРНА, токунӯн равишҳои гӯногӯни шимиёӣ ва физикӣ барои ҳазфи нитрат, ки фарояндҳои мутадовили тасфияи оби тавони ҳазфи онро надоранд, тавассути пажӯҳишгарони мухталиф пешниҳод шудааст, ки ҳар як мазоё ва маоиби худро дорад.

Дар ин ихтироъ дар ҳоле, ки аз равишҳои зистӣ истифода шудааст, аммо манбаи энержӣ ва карбони ду манбаи мутафовит, яъне диоксиди карбон (co2) ба унвони манбаи карбон ва ҳидрожени зистӣ ба унвони манбаи энержӣ будаанд.

Интиқол ва табодули беҳтари маводи мавриди ниёз байни гӯнаҳои микрубии мухталиф ва ҳамчунин ҷудосозии сареъи онҳо, аз вижагиҳои равиши гранулизатсия ду марҳалаӣ бо таркиби фотобиореакторҳои нопайвастаи мутаволӣ ва пайваста бо ҷараёни рӯ ба болои истифода шуда дар ин ихтиро аст, ки намуунаи авалияи он дар озмоишгоҳи бозёфти оби донишкадаи муҳандисии шимии донишкадагони фаннӣ сохта шудааст.

Пеш аз ин ихтирооти зиёдеро аъзои ҳайати илмии Донишгоҳи Теҳрон, ба сабти байниалмилалӣ рисондаанд, аммо ин нахустин бор аст, ки як ихтироъ ба номи ҳуқуқии «Донишгоҳи Теҳрон» ба сабт мерасад.