Июн 07, 2022 14:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши парвозҳои Эрону Туркия

Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварӣ, аз афзоиши парвозҳои Эрону Туркия ба 110 парвоз дар ҳафта хабар дод.

Мубодилоти тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрону Туркия, дар солҳои ахир афзоиши чашмгире доштааст.
Эрону Туркия, барои афзоиши мубодилоти солиёна ба 30 миллиарддоллар дар сол барномарезӣ кардаанд.
Миракбари Разавӣ, сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварӣ гуфт, дар дидори Ҳасани Хушхӯ, муовини ҳавонавардии Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон ва Камол Юсек, раиси ҳавопаймоии кишварии Туркия, тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ бавижа ҳамкориҳои омӯзишӣ байни ду кишвар, мавриди музокира ва тавофуқ қарор гирифт.
Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон афзуд, дар ин дидор бар лузӯми иҷроӣ кардани тафоҳумоти пешин таъкид шуд ва ба манзури рафъи таъмини мушкили сӯхти ширкатҳои эронӣ дар Туркия, пешниҳодҳои ду тараф, тарҳ ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Разавӣ тасреҳ кард, бо таваҷҷӯҳ ба тақозои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ба манзури фароҳам кардани тасҳилоти бештар барои мусофирон, теъдоди парвозҳои ҳафтагӣ байни Эрону Туркия низ аз 100 парвози пешин ба 110 парвоз барои ҳар як аз ду тараф афзоиш ёфт.

 

 

Барчасп