Эрон хостори поён додан ба таҳримҳои якҷониба шуд
(last modified Sat, 11 Jun 2022 04:36:21 GMT )
Июн 11, 2022 09:36 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори поён додан ба таҳримҳои якҷониба шуд

Сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони милал бо маҳкӯм кардани иқдомоти якҷонибаи қаҳромез ва ноодилона, ки бахшҳои беҳдошт ва дармони кишварҳоро таҳти таъсир қарор додааст, хостори иқдоми муассири ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои поён додан ба таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон шуд.

Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид асри ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар суханоне дар Маҷмаи умумӣ дар бораи бемории СПИД изҳор дошт: "Ҳамон гуна, ки дар гузориши дабири кулли Созмони милал бо унвонии рафъи нобаробариҳо барои поён бахшидан ба ҳамагирии СПИД таъкид шуда, талошҳои марбӯт ба решакании ин беморӣ то соли 2030 , аз барномаи замонбанди шуда ақиб аст. Лизо кишварҳои узв бояд барои рафъи чолишҳое, ки мунҷар ба вақфа дар расидан ба ин ҳадаф мешаванд, иқдомоти муассиру ҷиддӣ иттихоз кунанд."

Вай афзуд: "Ҷаҳон дар ҳоли ҳозир на танҳо бо ҳамагирии HIV мувоҷеҳ аст, балки дар айни ҳол бояд бо авоқиб ва пайомадҳои ношӣ аз ҳамагирии корона низ дасту панҷа нарм кунад ва мо шоҳидем, ки дар чунин шароити ногуворе, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи мавонеъи дастрасии баробар ба хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ бо мушкил рӯбарӯ аст".

Иршодӣ бо ишора ба дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо бемории СПИД гуфт: "Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви маъдӯд кишварҳое дар Осиё аст, ки дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳе дар кантролу дармони HIV доштааст. Эрон ҳамчунин ҷузви кишварҳое аст, ки дастрасии амн ба ниёзҳои беҳдоштӣ ва дармонҳои тахассусии афроди мубтало ба СПИД-ро ба таври ройгон фароҳам кардааст."

Дипломати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дод: " ҳамон гуна, ки дар сеюмин тавсияи гузориши дабири кулл таъкид шуда, лозим аст, ҷадидтарин доруҳо ва охирин фанновариҳои беҳдоштӣ ва дармонии марбӯт ба пешгирӣ ва дармони HIV ба суръат дар дастраси кишварҳои дарҳоли тавсеа қарор бигиранд. Лизо бо иноят ба ин таъкид, зарурат дорад ҳамаи мавонеъи фарорӯи чунин дастрасӣ, ҳазф шаванд."

Вай афзуд: "Муттаассифона иқдомоти якҷонибаи қаҳромез, аз ҷумла таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ, молӣ ва бонкии таҳмил шуда бар Эрон ба таври ҷиддӣ ҳаққи дастрасӣ ба беҳдошт ва дармони эрониёнро нақз карда ва бавижа афроде, ки бо мушкилоти ношӣ аз ибтило ба HIV  мувоҷеҳанд, аз ин вазъият мустақиман ранҷ мебаранд."

Иршодӣ изҳор дошт: Таҳримҳои якҷонибаи қаҳромезу ноодилона, каналҳои маъмули ҳамкориҳои байналмилалиро масдӯд карда ва манбаи нигарониҳое аст, ки талошҳои Эрон барои муқобила алайҳи ин бемориҳоро таҳти таъсири манфӣ қарор дода ва илова бар он, дастрасии ба мавқеъ ва муассир ба ташхис, дору, дармон, таҷҳизоти пизишкӣ ва фанновариҳои лозим барои ироаи ҷомеъи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ бавижа дархусӯси афроди мубтало ба СПИД-ро ба шиддат маҳдӯд кардааст".

Вай изҳор дошт: Эрон зимни маҳкӯм кардани ингуна иқдомоти ғайриқонӯнӣ ва ноодилона ва чунин сиёсатҳо ва рӯйкардҳои номашрӯъ, ки бахшҳои беҳдошту дармони кишварҳоро таҳти таъсир қарор дода ва хадамотрасонӣ ба беморон, аз ҷумла мубталоён ба HIV-ро бо монеъ ва вақфа рӯбарӯ мекунад, аз аъзои ҷомеъаи ҷаҳонӣ мехоҳад иқдомоти муассир, фаврӣ ва амалии худро дар ҷиҳати рафъи таҳримҳои қаҳромези ёдшуда бакор гиранд.