Дар солрӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а) парчами гунбади ҳарами муттаҳари Разавӣ таъвиз шуд
(last modified 2022-06-11T05:26:23+00:00 )
Июн 11, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Дар солрӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а) парчами гунбади ҳарами муттаҳари Разавӣ таъвиз шуд

Дар солрӯзи вилодати имом Ризо(а), парчами гунбади ҳазрати имом Ризо (а) таъвиз шуд.

Имрӯз ( шанбе) 11 зилқаъдаи 1443 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 11 июни соли 2022, солрӯзи вилодати ҳазрати имом Ризо(а) аст.

Ба ҳамин муносибат ойини таъвизи парчам ва пӯши зариҳи ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) ҳамзамон бо солрӯзи вилодати он ҳазрат бо ҳузури мутавалии маконҳои муқаддасаи Эрону Ироқ ва ҷамъе аз ходимони боргоҳи мунаввари Разавӣ баргузор ва нақорраҳои ҳарами мутаҳҳар навохта шуд.

Парчами ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар тӯли сол ба муносибатҳои мазҳабӣ дар аъёду солрӯзи шаҳодати аиммаи маъсумин (а) чандин бор таъвиз мешавад, ки бештарин муддати сиёҳпӯш мондани он дар моҳҳои муҳаррам ва сафар аст.

Дар ин миён ҳар сол 2 бор парчами гунбади мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) ба таври расмӣ ва дар ойини вижа таъвиз мешавад, ки як бори он дар ибтидои моҳи муҳаррамулҳаром аст, ки ин парчам ба муддати 63 рӯз бар гунбади ҳарами мутаҳҳар, ба нишонаи азодории ҳазрати имом Ҳусайн (а) афрошта мемонад ва як мартаба низ дар солрӯзи милоди имом Ризо (а) анҷом мешавад.

 

Барчасп