Раҳбари муаззами инқилоб : Танҳо роҳи пирӯзӣ дар баробари фишорҳои Амрико муқовимат аст
(last modified Sun, 12 Jun 2022 02:50:10 GMT )
Июн 12, 2022 07:50 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Танҳо роҳи пирӯзӣ дар баробари фишорҳои Амрико муқовимат аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Таҷрибаи муваффақиятомези Эрону Венесуэла нишон дод танҳо роҳи пирӯзӣ дар баробари фишорҳои Амрико муқовимат аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон асри шанбе дар дидори Николас Мадоро-раиси ҷумҳӯри Венесуэла ва ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба истодагии ду кишвари Эрону Венесуэла дар муқобили фишорҳои сангину ҷанги таркибии Амрико, таъкид карданд : Таҷрибаи муваффақиятомези Эрону Венесуэла нишон дод танҳо роҳи пирӯзӣ дар баробари фишорҳои Амрико муқовимат ва истодагӣ аст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳо ва ибтикорҳои илмӣ ва фанноварии Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои ахир афзуданд : Ин гомҳои баланд дар шароите бардошта шудааст, ки сангинтарин ва бесобиқатарин таҳримҳо ва фишорҳо бар миллати Эрон таҳмил шуд ва амрикоиҳо худашон номи онро « фишори ҳаддиаксарӣ » гузоштанд .
Ишон таъкид карданд : Муқовимати миллати Эрон боиси шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ шуд; ба гунае ки яке аз масъулони барҷастаи сиёсии Амрико чанде пеш таъбири « шикасти муфтазаҳона(шармандаовар) »ро ба кор бурд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо истиқбол аз имзои санади ҳамкории 20 сола миёни Эрон ва Венесуэла гуфтанд : Лозимаи ҳамкориҳои дарозмуддат пайгирии тавофуқот ва ба саранҷом расондани онҳо аст.
Ишон бо ишора ба ҳамкориҳои самимонаи Эрону Венесуэла  хотирнишон карданд : Ду кишвар бо ҳеҷ кишваре ин гуна равобити наздик надоранд ва Ҷумҳурии исломии Эрон нишон додааст, ки дар мавоқиъи хатар хатар мекунаду дасти дӯстони худро мегирад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ҳамчунин аз мавозеъи зиддисаҳюнистии раиси Ҷумҳурии Венесуэла таҷлил карданд ва гуфтанд : Мавзегириҳои чанде қабли ҷаноби олӣ алайҳи режими саҳюнистӣ бисёр дурусту шуҷоъона буд .
Дар ин дидор, ки Сайид Иброҳими Раисӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳузур дошт, раиси ҷумҳӯри Венесуэла аз ҳимоятҳои Эрон дар муборизаи сахти миллати Венесуэла бо Амрико қадрдонӣ кард ва гуфт : Шумо дар ҳангоме, ки шароити Венесуэла бисёр сахт буд ва ҳеҷ кишваре кумак намекард ба ёрии мо омадед ва кумак кардед, то аз он шароит хориҷ шавем .
Раиси ҷумҳӯри Венесуэла бо ташреҳи шароити сахти иқтисодии ин кишвар дар солҳои ахир афзуд : Амрикоиҳо як ҷанги тадриҷӣ ва чандбуъдиро алайҳи кишвари мо оғоз карданд, вале мо тавонистем бо истодагӣ ва истифода аз фурсатҳое ки таҳримҳо дар ихтиёри мо қарор дод, муқобилаи ҳамаҷонибаро бо таҳоҷуми Амрико оғоз кунем .
Мадоро ҳамчунин бо таъкид бар инки кишвараш мавзӯи Фаластинро як мавзӯи муқаддаси башарӣ медонад, гуфт : Ба иллати ҳамин эътиқод, режими саҳюнистӣ аз тариқи МОССАД дар ҳоли тавтеъаи пайдарпай бар зидди Венесуэла аст .