Июн 14, 2022 16:47 Asia/Dushanbe
  • Созмони энержи атомӣ: Ҳеҷ модаи ҳастаӣ пинҳони дар Эрон вуҷуд надорад
    Созмони энержи атомӣ: Ҳеҷ модаи ҳастаӣ пинҳони дар Эрон вуҷуд надорад

Созмони энержи атомӣ Эрон эълом кард: Ҳеҷ модаи ҳастаӣ пинҳони дар Эрон вуҷуд надорад ва иддаои Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ бар асоси иттилоъоти нодуруст ва сохдагӣ ироа шуда, тавассути режми номашруъи саҳюнистӣ буд, ки худ дороӣ силоҳҳои ҳастаӣ аст.

Дар ҳоле, ки музокироти Вена барои лағви таҳримҳои Эрон ва бозгашти Амрико ба БарҶом ба далели набуди иродаи сиёсии лозим дар Вашенгтон тақрибан мутаваққиф шуда аст ин кишвар ва се кишвари аврупоӣ Олмон, Англис ва Фаронса бо фишорҳои режими саҳюнистӣ ва ҳамроҳии Рафаэл Гросси, мудири Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ, қатъномаи зидди Эрон тасвиб карданд.

Ин қатънома ҳамкориҳои густардаи Эрон бо Ожонси байналмиллалии энержи атомиро, ки аз рӯи ҳусни ният анҷом шуд нодида гирифта аст, ба ҳамин далел Созмони энержи атомии Эрон низ аз қатъи фаъолияти дурбинҳои фароподмонии дастгоҳи андозагири бар хати ожонс дар Эрон хабар дод.

Созмони энержи атомии Эрон ба манзури рушансозии афкори умумӣ дар иртибот бо гузориши ахири мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ дар хусуси фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври кули ба таъаҳудоти худ бар асоси мувофиқатномаи подмони ҷомеъ (INFCIRC/214), ки ожонс аз тариқи он ба ҳифзи дониши худ ба восиати як созукори ростиозмоӣ қавӣ, ки дар низоми ростиозмоӣ ожонс аз ҷумла иқдомоти назорати ва муроқибатии (C/S) мунҳасир ба фард дар мавриди мавод ва фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон идома медиҳад, амал мекунад.

Созмони энержи атомӣ Эрон афзуд: Фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон таҳти подмони ҷомеъи ожосн сулҳомез боқи мемонад, бино бар ин зикри ин мавзуъ ва ибрози нигаронии ожонс бемаъни мебошад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун ҳамкории комили худро фаротар аз таъаҳудоташ бар асоси мувофиқатномаи подмони ҷомеъ ва пратаколҳои илҳоқи нисбат ба ожонс ироа карда аст ва тамоми мавод ва фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон ба таври комил ба ожонс эълом шуд ва низоми ростиозмоӣ бисёр қавиро пушти сар гузошта аст.

Дар давоми 20 соли гузашта бештариш бозрасиҳои густардаи ожонс дар Эрон анҷом шуда аст, ки гузориши иҷрои подмони ожонс дар соли 2021 тасдиқкунандаи ин мавзуъ аст ба тавре, ки баён медорад 22 дарсад аз бозрасиҳои саросари ҷаҳон дар Эрон анҷом шуда аст дар ҳоле, ки Эрон танҳо 3 дарсад аз кулли муасисоти ҳастаӣ таҳти пушиши ожонс дар саросари ҷаҳонро доро аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп