Зарфиятҳо барои ҳамкори байни Теҳрон ва Ашқобод беш аз сатҳи кунунии равобит аст
(last modified Wed, 15 Jun 2022 10:58:11 GMT )
Июн 15, 2022 15:58 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳо барои ҳамкори байни Теҳрон ва Ашқобод беш аз сатҳи кунунии равобит аст
    Зарфиятҳо барои ҳамкори байни Теҳрон ва Ашқобод беш аз сатҳи кунунии равобит аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти матбуъотии муштарак бо раиси Ҷумҳурии Туркманистон таъкид кард: Зарфиятҳо барои ҳамкори байни Теҳрон ва Ашқобод беш аз сатҳи кунунии равобит аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар нишасти матбуъотии муштарак бо Сардор Бердимуҳаммад, раиси Ҷумҳурии Тукрманистон гуфт: Ин сафар ба ҳамроҳи ҳайати олирутбаи кишвари дуст, бародар ва ҳамсоя метавонад нуқтаи сарнавиштсоз барои равобити ду кишвар бошад.

Раиси ҷумҳур бо ишора ба ин ки зарфиятҳо барои ҳамкори байни ду кишвар аз сатҳи кунунии равобит аст, афзуд: Дар ҳавзаҳои иқтисодӣ зарфиятҳо ва заминаҳои хуб дар ду кишвар барои густариши ҳамкории беш аз сатҳи кунуни вуҷуд дорад.

Раисӣ ҳамчунин гуфт: Қарордодҳо ва тафоҳумномаҳое, ки имрӯз байни ду кишвар имзо шуд метавонад ҳамкориҳои байни ду кишварро ба сатҳи болотар иртиқо диҳад.

Раиси ҷумҳур равобити байни Эрон ва Тукрманистонро фаротар аз равобити фақат ҳамсоягӣ тавсиф кард ва таъкид кард: Равобити байни ду кишвар равобити бародарӣ, тамадунӣ, фарҳангӣ ва дар як калима равобити хешованди аст ва ин равобити амиқ байни ду миллат ва ду кишвар метавонад заминаи ҳамкориҳои бисёреро фароҳам кунад.

Раисӣ ҳамкори бо кишварҳои ҳавзаи дарёи Хазарро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва аз баргузории иҷлоси кишварҳои соҳили Хазар ба мизбонии Туркманистон истиқбол кард ва афзуд: Ҳамкориҳои ду кившар ҳатман бо ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳур бо баёни ин ки дар музокироти имрӯз мушахас шуд, ки дидгоҳи ду кишвар нисбат ба Афғонистон бисёр ба ҳам наздик аст, гуфт: Дар Афғонистон бояд давлати фарогир ташкил шавад, ки ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмҳоро намояндагӣ кунад ва ин метавонад барои Афғонистон амният эҷод кунад.

  • Раиси Ҷумуҳрии Тукрманистон низ дар ин нишаст гуфт: Гуфтугӯҳо дар фазои шафофият, эътимод ва эҳироми мутақобил байни ду кишвар баргузор шуд, ки тасвири аз равобити бародари миёни ду кишварро тарсим кард.
  • Бердимуҳаммад афзуд: Ду кишвар ҳамчунин мусамам ба густариши равобити фарҳангӣ ва башардустона ба унвони яке аз бахшҳои муҳим барои тақвияти пайванд миёни ду миллат ва ду кишвар ҳастанд.

 

Барчасп