Июн 17, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷалолӣ: Русия авлавияти Эрон барои тавсеаи равобит аст

Сафири Эрон дар Маскав дар Маҷмаи иқтисодии байналмилалии Санкт – Петербург гуфт, Русия кишваре аст, ки дар авлавияти Эрон барои тавсеаи равобит қарор дорад.

Маҷмаи иқтисодии байналмилалии Санкт –Петербург, ки аз 15 то 18 июн тавассути бунёди «Русконгресс» созмондеҳӣ шуда, бо номи «Фурсатҳои ҷадид дар дунёи ҷадид» дар ҳоли баргузорӣ аст.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар Маҷмаи иқтисодии байналмилалии Санкт –Петербург (SPIEF) гуфт, авлавияти аслии мо тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин гуфт, маркази тавсеаи содироти Русия дар Эрон ба зудӣ роҳандозӣ мешавад ва бояд музокироти тиҷорӣ байни бозаргонони ду кишвар ба сурати рӯ дар рӯ ва бидуни восита анҷом шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп