Гузориши FAO аз афзоиши 4 милионтоннаии тавлиди гандум дар Эрон
(last modified Fri, 17 Jun 2022 16:14:30 GMT )
Июн 17, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Гузориши FAO аз афзоиши 4 милионтоннаии тавлиди гандум дар Эрон

Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) дар нахустин гузориши худ дар мавриди чашмандози тавлиди маводи ғизоӣ дар соли 2022, пешбинӣ кард, дар соли ҷории кишоварзӣ тавлиди ғаллот дар Эрон 34 дарсад афзоиш меёбад.

Созмони FAO дар нахустин гузориши худ бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши тавлиди ғаллот дар ҷаҳон ба далоиле ҳамчун афзоиши қимати маводи аввалия, бадии обу ҳаво ва буҳрони Украина пешбинӣ кард, дар соли ҷории кишоварзӣ тавлиди ғаллот дар Эрон 34 дарсад афзоиш меёбад.

Бар асоси гузориши ФАО, тавлиди ғаллоти Эрон аз 14 миллиону 300 ҳазор тон дар соли гузаштаи кишоварзӣ ба 19 миллиону 200 ҳазор тон дар соли ҷории зироъӣ афзоиш меёбад ва дар ин миён гандум бо 4 миллион тон афзоиш, бештарин мизони рушди тавлидро ба худ ихтисос додааст.

ФАО пешюинӣ кард, дар ҳоле, ки дар соли ҷории мелодӣ кишварҳое монанди Австралия, Ҳинд ва Украина бо коҳиши тавлиди гандум рӯ ба рӯ хоҳанд буд, кишварҳое ҳамчун Эрон, Канада ва Русия бо афзоиши тавлид мувоҷеҳ хоҳанд шуд.