Июн 18, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши миллипӯшони маъюби вазнабадори Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия

Миллипӯшони маъюби вазнабадори Эрон, дар рақобатҳои қаҳрамонии озоди қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия ду медоли тилло, ду нуқра ва ду бурунз касб карданд.

Дар ин мусобиқотҳо, ки дар Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли баргузорист, Алиакбари Ғарибшоҳӣ, намояндаи дастаи 107 килограми Эрон бо маҳори вазнаи 254 килограм, ҳадди нисоби ҷаҳонии ин дастаро иртиқо дод ва ба ду медоли тилло даст ёфт.

Ғарибшоҳӣ дар маҷмӯ бо рекорди 498 килограм муваффақ шуд 2 медоли бурунзи маҷмӯъ низ касб кунад.

Ҳамчунин Сомони Разӣ дигар намояндаи дастаи 107 килограми Эрон, бо маҳори вазнаи 233 килограм, ба ду 2 медоли нуқра расид.

Бо таваҷҷуҳ ба инки рақобатҳои Кореяи Ҷанубӣ ба сӯрати озод ва ҳамчунин қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия баргузор мешавад, барои ҳар давра аз рақобатҳо 2 медол барои инфиродӣ ва маҷмӯъ эҳдо мешавад.

 

Барчасп