Истиқболи расмии Раисӣ аз раиси Ҷумҳурии Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамтои қазоқистонии худ дар кохи Саъдобод баргузор шуд.
Дидор ва гуфтугӯ бо раиси Ҷумҳурии Эрон, баргузории нишасти муштаркаи ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ва имзои чанд санади ҳамкори ва тафоҳумнома аз ҷумла барномаҳои сафари як рӯзаи раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ба Теҳрон хоҳад буд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз якшанбе дар кохи Саъдобод ба сурати расмӣ аз Қосим Жормат Токаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон истиқбол кард.
Дар ин маросим пас аз навохта шудани суруди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон раисони ҷумҳурии ду кишвар аз ягони ташрифоти сондида ва сипас ҳайатҳои олирутбаи ҳамроҳро ба якдигар муъаррифи карданд.